НФС «Газпромнефт» ба ифтихори Дилшод Назаров номгузорӣ шуд

Яке аз нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ (НФС)-и ширкати «Газпром нефт Тоҷикистон», ки дар кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ (Лучоб)-и шаҳри Душанбе воқеъ аст, ба ифтихори қаҳрамони бозиҳои олимпӣ Дилшод Назаров номгузорӣ шуд. Зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи чорабинӣ директори генералии ҶДММ «Газпром нефт Тоҷикистон» Фарҳод Мирзоев изҳор намуд, ки ин рӯз дар таърихи кишвар ҳамчун санаи ватанпарастӣ ва […]

Саодат Раҳимова, Asia-Plus

Яке аз нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ (НФС)-и ширкати «Газпром нефт Тоҷикистон», ки дар кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ (Лучоб)-и шаҳри Душанбе воқеъ аст, ба ифтихори қаҳрамони бозиҳои олимпӣ Дилшод Назаров номгузорӣ шуд.

Зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи чорабинӣ директори генералии ҶДММ «Газпром нефт Тоҷикистон» Фарҳод Мирзоев изҳор намуд, ки ин рӯз дар таърихи кишвар ҳамчун санаи ватанпарастӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ сабт мегардад.

Ин чорабинии тантанавӣ дар ҷашни Рӯзи Конститутсияи ҷумҳурӣ баргузор гардида, дар он намояндагони Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, тоҷирони маъруф ва ходимони ҷамъиятӣ ширкат варзиданд.

Ҳамчунин дар ин маросим ба Дилшод Назаров корти махсуси сӯзишвории «Газпромнефт» тақдим карда шуд, ки бидуни маҳдудияти муҳлати амал ба дастрасии сӯзишвории баландсифат дар нуқтаҳои фурӯши шабакаҳои «Газпомнефт» имкон медиҳад.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.