Ҳалокати 27 нафар дар яке аз масҷидҳои Кобул бар асари амали террористӣ

Бар асари ҳамлаи интиҳорӣ дар маросими пайравони мазҳаби шиа дар яке аз масҷидҳои шаҳри Кобул ҳадди ақалл 27 нафар кушта шуданд. Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, Фаридун Убайдӣ, раҳбари бахши таҳқиқоти ҷиноии пулиси Кобул, гуфтааст, ки 35 тани дигар дар ин ҳодиса захм бардоштанд. ​Ин ҳодиса нимаи рӯзи 21 ноябр рух дода, дар дохили мадрасаи […]

Радиои Озодӣ

Бар асари ҳамлаи интиҳорӣ дар маросими пайравони мазҳаби шиа дар яке аз масҷидҳои шаҳри Кобул ҳадди ақалл 27 нафар кушта шуданд.

Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, Фаридун Убайдӣ, раҳбари бахши таҳқиқоти ҷиноии пулиси Кобул, гуфтааст, ки 35 тани дигар дар ин ҳодиса захм бардоштанд.

​Ин ҳодиса нимаи рӯзи 21 ноябр рух дода, дар дохили мадрасаи Боқир ал-улум замони омодагии мардум барои адои намози пешин ба вуқӯъ пайвастааст.

Ба навиштаи расонаҳои Афғонистон, баъд аз намози пешин дар ин маҳал баргузории маросими мазҳабии "арбаин" ё чиҳилум дар назар будааст, ки пайравони мазҳаби шиа, онро гиромӣ медоранд.

Тибқи иттилои мақомоти афғон, ҳамаи афроде, ки дар ин ҳодиса ҷон бохтанд, ғайринизомӣ буда, ба хотири баргузории ин маросими мазҳабӣ ҷамъ омаданд. Гуфта мешавад, дар миёни қурбониҳо занону кӯдакон низ ҳастанд. То ба ҳол масъулияти ин ҳамларо ҳеҷ гурӯҳ ба дӯш нагирифтааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.