Ноҳияи Айнӣ: хусумати янгаву хоҳаршӯ бо марг анҷомид

Охири  ҳафтаи сипаришуда аз мавзеи “Сафедиён”-и ноҳияи Айнӣ ҷасади ҷавондухтари 23-солаи сокини деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт карда шуд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон ба гумони даст доштан дар содир намудани ин ҷиноят кормандони милитсия ва мақомоти Прокуратура ҳамсари бародари марҳум, зани 25-солаи сокини ҳамин ноҳияро боздошт намудаанд. Гуфта […]

Asia-Plus

Охири  ҳафтаи сипаришуда аз мавзеи “Сафедиён”-и ноҳияи Айнӣ ҷасади ҷавондухтари 23-солаи сокини деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт карда шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон ба гумони даст доштан дар содир намудани ин ҷиноят кормандони милитсия ва мақомоти Прокуратура ҳамсари бародари марҳум, зани 25-солаи сокини ҳамин ноҳияро боздошт намудаанд.

Гуфта мешавад, гумонбаршуда аз сабаби хусумат доштанаш, марҳумро қасдан аз ҷарии тахминан 10-метр тела дода, баъдан бо санг якчанд маротиба ба сару рӯяш зада, ӯро ба ҳалокат расонидааст.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.