Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

АНОНС – Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Кохи миллат аз сафирони тозатаъини 15 кишвар эътимодномаҳо қабул мекунад; – Рӯзҳои 22-23 ноябр дар Бишкек ҷаласаи 15-уми Комиссияи байниҳукуматии Қиғизистону Тоҷикистон оид ба баррасии масъалаҳои дуҷониба доир мегардад; – Дар Маркази илму фарҳанги Русия дар Душанбе (кӯч. Мирзо Турсунзода, х. 28) форуми тиҷоратии тоҷирони кишвари Олтойи Русия […]

Asia-Plus

АНОНС

– Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Кохи миллат аз сафирони тозатаъини 15 кишвар эътимодномаҳо қабул мекунад;

– Рӯзҳои 22-23 ноябр дар Бишкек ҷаласаи 15-уми Комиссияи байниҳукуматии Қиғизистону Тоҷикистон оид ба баррасии масъалаҳои дуҷониба доир мегардад;

– Дар Маркази илму фарҳанги Русия дар Душанбе (кӯч. Мирзо Турсунзода, х. 28) форуми тиҷоратии тоҷирони кишвари Олтойи Русия ва Тоҷикистон барпо мешавад. Оғоз соати 09-30;

– Дар Бинои суди ҳарбии гарнизони Душанбе мурофиаи хотимавӣ оид ба баррасии масъалаи таъини ҷубронпулӣ аз рӯи парвандаи сарбози латукӯбшуда Шаҳбол Мирзоев баргузор мешавад. Оғоз соати 08-00;

– Ҳайати парлумонии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои сатҳи давлатии кишварҳои узви ИДМ ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия сафар мекунад;

– Аз 20 то 24 ноябр бо иштироки дастаҳои эҷодии ҷумҳурӣ ва кишварҳои хориҷӣ фестивали «Рақс моро муттаҳид мекунад» доир мегардад;

– Дар доираи фестивали байнулмилалии «Рақс моро муттаҳид мекунад» дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ консерти ансамбли «Лола» ба номи Ғ.Валаматзода барпо мешавад;

– Дар доираи фестивали байнулмилалии «Рақс моро муттаҳид мекунад» дастаҳои рақсии Русия ва Чин дар шаҳри Қӯрғонтеппа ҳунарнамоӣ мекунанд;  

– Маркази миллии тестии назди президенти ҶТ бо хатмкунандагони 28 мактаби озмоишӣ (1015 нафар) аз рӯи малакаи навиштани эссе (иншои мухтасар), ки соли 2018 зимни дохилшавӣ ба макотиби олӣ ҳатмӣ мешавад, санҷиш мегузаронад;

– Аз фурудгоҳи Жуковский нахустин парвози ҳавопаймои ширкати «Уральские авиалинии» ба шаҳри Душанбе сурат мегирад, ки рӯзҳои сешанбе ва панҷшанбеи ҳафта анҷом дода мешавад. Аз ин фурудгоҳ ба шаҳри Хуҷанд низ аз ҳамин рӯз парвозҳо оғоз гардида, онҳо ҳам рӯзҳои сешанбе ва панҷшанбеи ҳафта амалӣ мешаванд.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  7.8765 сомонӣ;

1 евро – 8.3790 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1192 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1962 — Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон таъсис дода шуд.

2010 — Дар натиҷаи амалиёти махсуси сохторҳои қудратии Тоҷикистон дар водии Рашт ду нафар аъзои фаъоли гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ кушта шуданд.

2010 — 136 нафар донишҷӯёни тоҷик, ки дар муассисаҳои таълимии динии Эрон таҳсил мекарданд, ба ватан баргаштанд.

1935 – Зодрӯзи оҳангсоз Саид Ҳамроев.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо барф меборад, туман.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -4-9 рӯзона 0-5, дар доманакӯҳҳо шабона -8-13, рӯзона -2-7.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона дар баъзе ноҳияҳо барф меборад, рӯзона аксаран бидуни боришот, туман.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2-7, рӯзона -3+2, дар доманакӯҳҳо шабона -6-11, рӯзона 0-5.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан барф меборад.

Ҳарорат: дар ғарб шабона 0-5, рӯзона 0+5; дар шарқ шабона -8-13, рӯзона -1-6.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо барф меборад, туман.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2-7, рӯзона 0-5, дар доманакӯҳҳо шабона -4-9, рӯзона -1-6. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона барф меборад, рӯзона бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона -4-6, рӯзона -1-3.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона барф меборад, рӯзона бидуни боришоти назаррас, туман.   

Ҳарорат: шабона -6-8, рӯзона -2-4.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона барф меборад, рӯзона бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона -3-5, рӯзона 0-2.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона барф меборад, рӯзона бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона 0-2, рӯзона +1+3.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.