Баррасии дурнамои узвияти Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё

Дар Душанбе имрӯз, 22 ноябр масъалаҳои узвияти Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) ва дурнамои ҳамкориҳои ҷумҳурӣ бо ин Иттиҳод баррасӣ мешаванд. Ба ин муносибат намояндагии Фонди рушди «Пажуҳишгоҳи таҳқиқоти авруосиёӣ»-и Русия дар ҳамдастӣ бо Намояндагии тиҷоратӣ ва сафоратхонаи Русия дар Тоҷикистон дар мавзӯи «Ҳамгиройии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ИИАО: воқеъият ва дурнамо» мизи гирд […]

Иттилоияи расмӣ

Дар Душанбе имрӯз, 22 ноябр масъалаҳои узвияти Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) ва дурнамои ҳамкориҳои ҷумҳурӣ бо ин Иттиҳод баррасӣ мешаванд.

Ба ин муносибат намояндагии Фонди рушди «Пажуҳишгоҳи таҳқиқоти авруосиёӣ»-и Русия дар ҳамдастӣ бо Намояндагии тиҷоратӣ ва сафоратхонаи Русия дар Тоҷикистон дар мавзӯи «Ҳамгиройии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ИИАО: воқеъият ва дурнамо» мизи гирд баргузор мекунад.

Дар кори мизи гирд баррасии масъалаҳои рӯзмарраи узвияти Тоҷикистон ба ин Иттиҳод ва муҳоқимаи натиҷаҳои таҳқиқот оид ба масоиле чун вазъи муосири лоиҳаи ҳамгиройии авруосиёӣ ва дурнамои ҳамкории мутақобилаи ИИАО ва Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.

Дар чорабинӣ ҳамчунин атрофи таҷрибаи ҷаҳонӣ дар соҳаи танзими муҳоҷирати байнулмилалии қувваи корӣ, таҳлили равандҳои муосири сиёсиву ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ табодули назар сурат мегирад.

Дар кори мизи гирд иштироки директори департаменти ҳамгиройии Комиссияи иқтисодии авруосиёӣ Сергей Шухно, ҳамчунин коршиносону сиёсатмадорон ва олимону дигар намояндагони доираҳои кории Тоҷикистону Русия дар назар аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.