Ҳарифони «Истиқлол» дар Ҷоми КФО 13 декабр маълум мешаванд

Ҳарифони дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2017 дар марҳилаи мусобиқаҳои гурӯҳӣ рӯзи 13 декабр маълум мешаванд. Бино ба маълумоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, рӯзҳои 13-14 декабр дар меҳмонхонаи «Hilton Petaling Jaya»-и шаҳри Куала-Лумпур (Малайзия) семинари омӯзишии КФО доир гардида, дар он намояндагони дастаҳои иштирокчии Ҷоми КФО ва Лигаи чемпионҳои мавсими соли 2017, аз […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Ҳарифони дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2017 дар марҳилаи мусобиқаҳои гурӯҳӣ рӯзи 13 декабр маълум мешаванд.

Бино ба маълумоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, рӯзҳои 13-14 декабр дар меҳмонхонаи «Hilton Petaling Jaya»-и шаҳри Куала-Лумпур (Малайзия) семинари омӯзишии КФО доир гардида, дар он намояндагони дастаҳои иштирокчии Ҷоми КФО ва Лигаи чемпионҳои мавсими соли 2017, аз ҷумла намояндагони дастаи «Истиқлол» ва тими «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор низ ширкат меварзанд.

Гуфта мешавад, дар доираи кори семинар рӯзи 13 декабр маросими қуръакашии марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи Ҷоми КФО-2017 баргузор мешавад, ки дар он ҳарифони дастаи «Истиқлол» дар ин марҳила муайян мешаванд. Бозиҳои худро дар Ҷоми КФО «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор аз марҳилаи пеш аз даври гурӯҳӣ (плей-офф) оғоз мекунад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.