Volkswagen AG 30 ҳазор кормандашро ихтисор карданист

Роҳбарияти ширкати автомобилбарории «Фолксваген Эй-Ҷӣ» (Volkswagen AG) -и Олмон 30 ҳазор корманди худро дар саросари ҷаҳон ихтисор карданист, ки 23 ҳазори он ба худи Олмон рост меояд. Бино ба иттилои сомонаи расмии шабакаи телевизиони «Ҷаҳоннамо», нақшаи мазкур бо иттифоқҳои касаба мувофиқа шуда, ба ин тартиб ширкат метавонад, то соли 2020 ҳамасола 3,7 миллиард евро сарфа […]

Asia-Plus

Роҳбарияти ширкати автомобилбарории «Фолксваген Эй-Ҷӣ» (Volkswagen AG) -и Олмон 30 ҳазор корманди худро дар саросари ҷаҳон ихтисор карданист, ки 23 ҳазори он ба худи Олмон рост меояд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии шабакаи телевизиони «Ҷаҳоннамо», нақшаи мазкур бо иттифоқҳои касаба мувофиқа шуда, ба ин тартиб ширкат метавонад, то соли 2020 ҳамасола 3,7 миллиард евро сарфа намояд.

Гуфта мешавад, дар ҷавоб ба ихтисорсозии зиёд ширкат ният дорад, ки аз ҳисоби рушди соҳаи мошинсозии барқӣ ва автомобилҳои бидуни ронанда 9 ҳазор нафарро бо ҷойи кор таъмин созад.

Зимнан зикр мегардад, ки ширкати автомобилбарории «Фолксваген Эй-Ҷӣ» ҳамчунин дар доираи муноқишаи дизелӣ мехоҳад, ки пардохти ҷубронпулиҳоро ҳам ба зарардидагон коҳиш диҳад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.