Конфронси илмӣ бахшида ба 100-солагии Ғаффор Валаматзода

Иттилоияи расмӣ

Дар толори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 100 – солагии Ҳунарманди халқии СССР, дорандаи Ҷоизаи давлатии СССР ва Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ  Ғаффор Валаматзода Конфронси байналмилалии илмии “Рақс ҳамчун падидаи муассир дар тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ: дирӯз ва имрӯз” доир гардид, ки дар кори он намояндагони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанг, Вазорати маориф ва илм, сафири Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аспирантон ва магистрони Академияи илмҳо иштирок намуданд.

Шервони Умриддин, котиби матбуотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ба кори Конфронс ҳусни оғоз бахшида, иштирокдорони онро ба мақсади кори Конфронс шинос намуд. Сипас, дар бораи зиндагинома ва фаъолияти касбии Ғаффор Валаматзода маърӯза намуда, зикр кард, ки «Ғаффор Валаматзода доир ба таърих ва санъати операи ҷаҳонӣ дониши хуб дошт ва дар ин замина ҳамеша донишу малакаи ҳунарии худро такмил дода, операҳои миллии тоҷик: «Шӯриши Восеъ», «Комде ва Мадан», «Домоди хонда», «Майсара» ва «Ғуломон» – ро рӯи саҳнаи тоҷик овард. Асарҳои рӯи саҳна овардаи ӯ дар таърихи театри мусиқии касбии тоҷик саҳифаи рангину фаромӯшношуданӣ мебошанд».

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Комиссияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Шамсиддин Орумбекзода сухани табрикӣ намуда, оид ба саҳми Ғаффор Валаматзода дар рушди санъати тоҷик, хусусан рақси миллии тоҷик маълумоти мушахас дод.

Сафири Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба робитаи фарҳангии халқҳои тоҷику озар суханронӣ намуда, саҳми Ғаффор Валаматзодаро дар синтез намудани фарҳанги шарқӣ ба фарҳанги аврупоӣ махсус зикр кард.

Сипас Саъдулло Раҳимов дар мавзӯи «Ғаффор Валаматзода ва кинематография», Аскаралӣ Раҷабов дар мавзӯи «Рақс пайвандгари фарҳангҳо ва мардумон», Лариса Додхудоева дар мавзӯи «Либосҳои саҳнавӣ дар корҳои саҳнаороии Ғаффор Валаматзода» ва Назокат Қиличева дар мавзӯи «Эҷодиёти Ғаффор Валаматзода дар ансамбли давлатии рақсии «Лола» маърӯза карданд.

Баъди нисфирӯзи кори Конфронс идома ёфт ва дар он беш аз 11 нафар олимон ва мутахассисон оид ба паҳлуҳои гуногуни ҳаёт ва фаъолияти Ғаффор Валаматзода маърузаҳои илмӣ намуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Иқтисоди Тоҷикистон устуворона дар зинаи охир миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ қарор дорад (ГРАФИКАҲО)

Тоҷикистон аз рӯйи ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулои дохилӣ (ММД)-и номиналӣ  тайи се сол аст, ки пайдарпай дар зинаи охир миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ қарор дорад. Бино...

wdsdwdfsad

safsfsfsfsdf

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.