Конфронси илмӣ бахшида ба 100-солагии Ғаффор Валаматзода

Дар толори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 100 – солагии Ҳунарманди халқии СССР, дорандаи Ҷоизаи давлатии СССР ва Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ  Ғаффор Валаматзода Конфронси байналмилалии илмии “Рақс ҳамчун падидаи муассир дар тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ: дирӯз ва имрӯз” доир гардид, ки дар кори он намояндагони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанг, Вазорати […]

Дар толори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 100 – солагии Ҳунарманди халқии СССР, дорандаи Ҷоизаи давлатии СССР ва Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ  Ғаффор Валаматзода Конфронси байналмилалии илмии “Рақс ҳамчун падидаи муассир дар тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ: дирӯз ва имрӯз” доир гардид, ки дар кори он намояндагони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанг, Вазорати маориф ва илм, сафири Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аспирантон ва магистрони Академияи илмҳо иштирок намуданд.

Шервони Умриддин, котиби матбуотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ба кори Конфронс ҳусни оғоз бахшида, иштирокдорони онро ба мақсади кори Конфронс шинос намуд. Сипас, дар бораи зиндагинома ва фаъолияти касбии Ғаффор Валаматзода маърӯза намуда, зикр кард, ки «Ғаффор Валаматзода доир ба таърих ва санъати операи ҷаҳонӣ дониши хуб дошт ва дар ин замина ҳамеша донишу малакаи ҳунарии худро такмил дода, операҳои миллии тоҷик: «Шӯриши Восеъ», «Комде ва Мадан», «Домоди хонда», «Майсара» ва «Ғуломон» – ро рӯи саҳнаи тоҷик овард. Асарҳои рӯи саҳна овардаи ӯ дар таърихи театри мусиқии касбии тоҷик саҳифаи рангину фаромӯшношуданӣ мебошанд».

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Комиссияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Шамсиддин Орумбекзода сухани табрикӣ намуда, оид ба саҳми Ғаффор Валаматзода дар рушди санъати тоҷик, хусусан рақси миллии тоҷик маълумоти мушахас дод.

Сафири Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба робитаи фарҳангии халқҳои тоҷику озар суханронӣ намуда, саҳми Ғаффор Валаматзодаро дар синтез намудани фарҳанги шарқӣ ба фарҳанги аврупоӣ махсус зикр кард.

Сипас Саъдулло Раҳимов дар мавзӯи «Ғаффор Валаматзода ва кинематография», Аскаралӣ Раҷабов дар мавзӯи «Рақс пайвандгари фарҳангҳо ва мардумон», Лариса Додхудоева дар мавзӯи «Либосҳои саҳнавӣ дар корҳои саҳнаороии Ғаффор Валаматзода» ва Назокат Қиличева дар мавзӯи «Эҷодиёти Ғаффор Валаматзода дар ансамбли давлатии рақсии «Лола» маърӯза карданд.

Баъди нисфирӯзи кори Конфронс идома ёфт ва дар он беш аз 11 нафар олимон ва мутахассисон оид ба паҳлуҳои гуногуни ҳаёт ва фаъолияти Ғаффор Валаматзода маърузаҳои илмӣ намуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.