Бонки ҷаҳонӣ: соли 2017 сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон то 27,3% поин меравад.

Дар гузориши навбатии Бонки ҷаҳонӣ оид ба иқтисоди Тоҷикистон қайд мешавад, ки понравии рушди иқтисод дар Русия ва ҳамзамон суръати афзоиши он дар кишварҳои шарики Тоҷикистон, аз қабили Чину Қазоқистон ва Туркия ба дурнамои миёнамуҳлати рушди иқтисоди кишвар таъсири манфӣ мерасонад. Таҳлилгарони бонк тадриҷан барқарор шудани афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро пешгӯӣ мекунанд, ҳарчанд он […]

Asia-Plus

Дар гузориши навбатии Бонки ҷаҳонӣ оид ба иқтисоди Тоҷикистон қайд мешавад, ки понравии рушди иқтисод дар Русия ва ҳамзамон суръати афзоиши он дар кишварҳои шарики Тоҷикистон, аз қабили Чину Қазоқистон ва Туркия ба дурнамои миёнамуҳлати рушди иқтисоди кишвар таъсири манфӣ мерасонад.

Таҳлилгарони бонк тадриҷан барқарор шудани афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро пешгӯӣ мекунанд, ҳарчанд он аз нишондиҳандаи миёнаи солҳои ахир пасттар боқӣ мемонад.

Гуфта мешавад, ҳарчанд суст шудани афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ суръати поин бурдани сатҳи камбизоатиро тӯлонитар кунад ҳам, пешгӯӣ мешавад, ки соли 2017 сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ то 27,3% поин меравад.

Тибқи пешгӯии Бонки ҷаҳонӣ, ҳаҷми афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон аз рӯи натиҷаҳои соли равон – 4,8% ва соли оянда – 5,5%-ро ташкил хоҳад дод.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

BIMA Life дар Душанбе дафтари кории навашро боз кард

Дар маркази шаҳри Душанбе дафтари нави BIMA Life ба...

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.