Эмомалӣ Раҳмон: Парчам рамзи нангу номуси ватандорӣ аст

Президенти Тоҷикистон мардуми кишварро бо ҷашни Рӯзи парчами давлатӣ табрику таҳният гуфт. Дар паёми телевизионии сарвари давлат ба ин муносибат зикр гардид, ки парчам ҳамчун рамзи нангу номуси ватандорӣ солҳои нахустини тақдирсози соҳибистиқлолӣ тавонист, ки эҳсоси гарми ватандориро дар қалби ҳар як фарди кишвар бедор созад ва миллатро ба сӯи фардои ободу осуда раҳнамоӣ кунад. […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон мардуми кишварро бо ҷашни Рӯзи парчами давлатӣ табрику таҳният гуфт.

Дар паёми телевизионии сарвари давлат ба ин муносибат зикр гардид, ки парчам ҳамчун рамзи нангу номуси ватандорӣ солҳои нахустини тақдирсози соҳибистиқлолӣ тавонист, ки эҳсоси гарми ватандориро дар қалби ҳар як фарди кишвар бедор созад ва миллатро ба сӯи фардои ободу осуда раҳнамоӣ кунад.

«Парчами давлати соҳибистиқлоли мо инъикоскунандаи таъриху фарҳанг ва расму ойинҳои деринаи давлатдории миллиамон, баёнгари мақсаду мароми сокинони мамлакат буда, ба онҳо дар роҳи бунёди ояндаи дурахшон нерӯву қудрати созандагӣ мебахшад.», – гуфт сарвари давлат.

Президенти мамлакат қайд кард, ки парчами давлатӣ барои тоҷикон нишонаи бақои давлат, ваҳдату ягонагӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таъриху фарҳанги халқамон мебошад.

«Аз ин рӯ, ҳар як фарди ҷомеа, бахусус, насли ояндасози миллат бояд аз Парчами миллии худ ифтихор намояд ва эҳтироми онро ҳамчун рамзи пойдории давлату миллат ба ҷо оварад, зеро эҳтирому арҷ гузоштан ба рамзҳои давлатӣ вазифаи мукаддаси ҳар як фарди ҷомеа ва сарчашмаи ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ мебошад», – таъкмид намуд Эмомалӣ Раҳмон. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.