Эмомалӣ Раҳмон се раиси ноҳияҳои водии Раштро иваз кард

Бо фармонҳои Президенти Тоҷикистон дар сатҳи раҳбарияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии се ноҳияи Водии Рашт тағйироти кадрӣ сурат гирифт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, мутобиқи фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоҳирзода Умед Тоир бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси ноҳияи Лахш озод ва ба ҷойи ӯ Баротзода Файзулло Раҷаб – иҷрокунандаи […]

Asia-Plus

Бо фармонҳои Президенти Тоҷикистон дар сатҳи раҳбарияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии се ноҳияи Водии Рашт тағйироти кадрӣ сурат гирифт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, мутобиқи фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоҳирзода Умед Тоир бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси ноҳияи Лахш озод ва ба ҷойи ӯ Баротзода Файзулло Раҷаб – иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Лахш таъин карда шуд.

Тибқи фармонҳои дигар Ҳиммати Ғайрат бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи раиси ноҳияи Сангвор озод карда шуда, Шоҳиён Зарифхӯҷа Фақер – иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Сангвор таъин гардид.

Раиси ноҳияи Тоҷикобод Ализода Ҳусейн Хоҷамир бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифа озод ва ба ҷойи ӯ Нодираи Маҳмадисо раиси ноҳия таъин карда шуд.

Ҳамчунин дар асоси розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Зоҳирзода Умед Тоир муовини раиси вилояти Хатлон таъин гардид.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.