Обуҳавои сард то охири ҳафта идома меёбад

Asia-Plus

Обуҳавои сард ва боридани барф дар қаламрави Тоҷикистон то охири ҳафтаи равон идома меёбад.

Бино ба маълумоти обуҳавошиносон, дар ин рӯзҳои ҳарорати миёна рӯзона то 5-7 дараҷа хунук ва шабона то 10-15 дараҷа хунук мешавад.

Дар ин робита Кумитаи ҳолатҳои фавқулода шаҳрвандони кишварро огоҳ мекунад, ки давоми ин рӯзҳо дар мамлакат боридани барф, дар баъзе ҷойҳо бӯрони шадид, ки ҳангоми шамоли сахт бинишро бад мекунад, дар роҳҳои кӯҳӣ хавфи ба вуҷуд омадани ғарами барф ва яхбандии шадид аз эҳтимол дур нест.

«Дар ҳоли харобии вазъи ҳаво аз кандашавии хатҳои интиқоли нерӯи барқ, сарозер шудани қисме аз дарахтон дар ҷодаҳо, бад шудани биниш ҳангоми боришот, мушкили ҳаракати нақлиёт, дар роҳҳо пайдо шудани мошинҳову одамони зиёд ва ҳолатҳои садамавӣ эҳтимол  меравад», – омадааст дар маълумоти Кумита.

Гуфта мешавад, аз ин рӯ Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз сокинон ва меҳмонони кишвар хоҳиш мекунад, ки боз ҳам эҳтиёткор ва бодиққат буда, ҳушёриро аз даст надиҳанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.