Обуҳавои сард то охири ҳафта идома меёбад

Обуҳавои сард ва боридани барф дар қаламрави Тоҷикистон то охири ҳафтаи равон идома меёбад. Бино ба маълумоти обуҳавошиносон, дар ин рӯзҳои ҳарорати миёна рӯзона то 5-7 дараҷа хунук ва шабона то 10-15 дараҷа хунук мешавад. Дар ин робита Кумитаи ҳолатҳои фавқулода шаҳрвандони кишварро огоҳ мекунад, ки давоми ин рӯзҳо дар мамлакат боридани барф, дар баъзе […]

Asia-Plus

Обуҳавои сард ва боридани барф дар қаламрави Тоҷикистон то охири ҳафтаи равон идома меёбад.

Бино ба маълумоти обуҳавошиносон, дар ин рӯзҳои ҳарорати миёна рӯзона то 5-7 дараҷа хунук ва шабона то 10-15 дараҷа хунук мешавад.

Дар ин робита Кумитаи ҳолатҳои фавқулода шаҳрвандони кишварро огоҳ мекунад, ки давоми ин рӯзҳо дар мамлакат боридани барф, дар баъзе ҷойҳо бӯрони шадид, ки ҳангоми шамоли сахт бинишро бад мекунад, дар роҳҳои кӯҳӣ хавфи ба вуҷуд омадани ғарами барф ва яхбандии шадид аз эҳтимол дур нест.

«Дар ҳоли харобии вазъи ҳаво аз кандашавии хатҳои интиқоли нерӯи барқ, сарозер шудани қисме аз дарахтон дар ҷодаҳо, бад шудани биниш ҳангоми боришот, мушкили ҳаракати нақлиёт, дар роҳҳо пайдо шудани мошинҳову одамони зиёд ва ҳолатҳои садамавӣ эҳтимол  меравад», – омадааст дар маълумоти Кумита.

Гуфта мешавад, аз ин рӯ Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз сокинон ва меҳмонони кишвар хоҳиш мекунад, ки боз ҳам эҳтиёткор ва бодиққат буда, ҳушёриро аз даст надиҳанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.