Обуҳавои гарм ва ҳушдори КҲФ аз афтидани яхпораҳо аз бом

Asia-Plus

Аз нимаи дуюми имрӯз ҳаво дар саросари кишвар рӯ ба гармӣ оварда, давоми ҳафта ҳарорати он аз 10 дараҷа боло гарм мешавад. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аҳолиро аз афзудани хатари афтидани яхпора ва шушаҳои овезон аз бому бомгӯшаҳо огоҳ мекунад.

Дар маълумоти дар сомонаи Кумита интишоршуда қайд мешавад, ки сардиҳои чанд рӯзи охир нишонаҳои аён аз худ боқӣ гузоштаанд ва як нишони он мавҷудияти яхпораҳо ва шушаҳои овезон дар бому бомгӯшаҳост. Захмҳо бар асари уфтодани шушаҳо ва якпораҳо ҳамеша хатарноканд ва мебояд тадбирҳои бехатариро дар ин маврид риоя кард.

Дар ин робита чунин тавсияҳо дода мешавад:

– зери лабгӯшаи боми хонаҳо, ки шӯшаҳо овезонанд, наистед, дар ин маврид ба рафтори кӯдакон ҷиддан диққат диҳед;

– аз рӯйи имкон талош кунед лабгӯшаи боми хонаҳоро аз яхпораҳо тоза кунед;

агар зарурати гузаштан аз лабгӯшаи бомҳои шушадор пеш омад, кӯшиш намоед хеле ба зудӣ аз он бигзаред;

– ҳангоми мушоҳида кардани шӯшаҳо ва якпораҳои овезон дар бомгӯшаҳо кӯшиш кунед ташкилоти хизматрасонро огоҳ созед. Кормандони хизмати коммуналӣ маъмуранд, ки ба иттилои шумо вокуниш нишон диҳанд.

– ҳамчунин дар ёд бояд дошт, ки бештар вақт шӯшаҳо дар обравҳо пайдо мешаванд, ин аст, ки ин мавзеъи хонаҳо хеле хатарноканд. Аз сӯйи дигар гузаргоҳи ин гуна мавзеъҳо хатари бештар доранд, чун маъмулан қабати ғафси ях маҳз зери обрави биноҳо ва шӯшаҳои овезон пайдо мешавад.

– зарур аст хеле эҳтиёткор буд ва аз зери деворҳои биноҳо бо эҳтиёт гузар кард. Агар ҳангоми ҳаракат дар пиёдарав шумо садои шубҳаовареро шунидед, набояд дар ҷоятон қарор гиред ва сар боло кунеду хоҳед донед, ки чӣ мегузарад. Эҳтимол меравад ин лағзиши барф аст ва ё афтиши яхпораи бузургест. Дар ин ҳолат ё зуд бояд гузашт ва ё зуд худро ба танаи девор ҷафс кард, то осебе ба худатон нарасад.

Зикр мегардад, ки агар Шумо шоҳиди ин гуна ҳодисаҳо шудаед ва эҳсоси хатари бештар кардед, пас фавран ба хадамоти наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо шумораҳои 223-13-11 ё 221-91-19 занг занед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.