Сокини ноҳияи Рӯдакӣ занашро қатл ва сипас ба худкушӣ даст зад

Сокини 56-солаи ноҳияи Рӯдакӣ ҳангоми ҷанҷолу муноқиша бо ҳамсари 49-солааш бо корд ба ҷисми ӯ 4 зарбаи марговар зада, сипас ба худкушӣ даст задааст. Тибқи маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар натиҷа зани ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. «Сипас ӯ бо корди дар дасташ буда,  чор маротибаи дигар ба […]

Asia-Plus

Сокини 56-солаи ноҳияи Рӯдакӣ ҳангоми ҷанҷолу муноқиша бо ҳамсари 49-солааш бо корд ба ҷисми ӯ 4 зарбаи марговар зада, сипас ба худкушӣ даст задааст.

Тибқи маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар натиҷа зани ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. «Сипас ӯ бо корди дар дасташ буда,  чор маротибаи дигар ба узвҳои бадани худ зада, ба беморхона интиқол дода мешавад», – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, нисбати марди гумонбаршуда бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти ҳодиса идома дорад.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, давоми 10 моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ 99 ҳодисаи куштор ё суиқасд ба он ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 22 ҳодиса зиёдтар аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.

Саршумори чорво ва истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Дар 4 моҳ дар Тоҷикистон беш аз 68 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст.

Боздошти як хонандаи мактаб дар пайванд ба куштори як кирокаш дар Ёвон

Алайҳи ин наврас бо гумони "одамкушӣ бо бераҳмии махсус" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.