Ҳалокати 3 нафар бар асари бархӯрди ду «Мерседес»

Date:

Ҳангоми ҳаракат аз ноҳияи Рӯдакӣ ба самти ноҳияи Ёвон ду автомашинаи тамғаи «Мерседес» ба ҳам бархӯрдаанд, ки онҳоро мардони синни 22 ва 26-сола идора мекарданд.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, садама бо айби ронандаи 22-сола рух дода, бар асари он худи ронанда ва мусофирони автомашина – сокинони ноҳияи Ёвон, ду нафар марди 26 ва 27-сола ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидаанд. «Инчунин, мусофири дигар, марди 25-сола ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст», – омадааст дар хабар.

Тибқи маълумоти ВКД, тӯли 8 моҳи соли равон дар роҳҳои кишвар 928 ҳодисаҳои садамаи нақлиёт ба қайд гирифта шуда, дар натиҷаи онҳо 311 нафар шаҳрвандон ҳалок ва 970 кас ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...