Ба аҳолии Тоҷикистон сармоягузор буданро пешниҳод мекунанд

Asia-Plus

Даромади аҳолии Тоҷикистон айни замон асосан барои қонеъ сохтани талаботи аввалиндараҷа равона мегардад. Ҳукуматдорон бар ин назаранд, ки замони ба рушди иқтисод саҳмгузор шудани аҳолӣ бо қисмате аз ин воистаҳои худ фаро расидааст.

Ҳукумати Тоҷикистон Барномаи рушди миёнамуҳлати кишвар барои солҳои 2016-2020-ро таҳия намудааст, ки айни замон дар баррасии парлумон қарор дорад. Дар ин барнома аз ҷумла доир ба тағйири муносибати ҷомеа ба даромадҳои худ сухан меравад.

Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Умед Давлатзод зимни симпозиуми илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Сиёсати сармоягузории Тоҷикистон: вазъ ва дурнамо» дар ин робита изҳор намуд, ки имрӯз даромади аҳолӣ бо мақсадҳои истеъмолӣ истифода мешавад ва зарур аст, ки қисмате аз ин воситаҳо ба сармоягузорӣ ё ҷамъ шудани маблағҳои захиравӣ равона гардад.

«Яъне мо дар марҳилае қарор дорем, ки тақрибан 25%-и ҷомеа ба синфи миёна мансуб буда, сатҳи камбизоатӣ то 31% коҳиш ёфт. Акнун аз сарфи маблағҳои худ танҳо барои истеъмол худдорӣ мебояд варзид. Қисмате аз ин воситаҳоро дар шакли сармоягузорӣ ё маблағҳои захиравӣ ба рушди минбаъдаи иқтисод ва беҳбуди сатҳи некӯаҳволии хонаводаҳо равона кардан зарур аст», – чунин мешуморад муовини вазир.

Умед Давлатзод таъкид дошт, ки ин иқдом набояд хусусияти дастурӣ дошта бошад ва давлат бояд аз нигоҳи иқтисодӣ мардумро ба чунин интихоб ҳавасманд созад. «Давлат бояд шароитҳоеро фароҳам оварад, ки хонаводаҳо ба сармоягузорӣ кардани даромадҳои худ ҳавасманд бошанд», – шарҳ дод ӯ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.