Шарҳи КДАМ оид ба тирпарронӣ дар марз бо Қирғизистон

Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон тирпаронии 28-уми ноябр дар марз бо Қирғизистонро шарҳ дод. Бино ба иттилои хабаргузории «Озодагон» бо такя ба идораи марзбонии Тоҷикистон, мақомоти тоҷик иттилои ҷониби Қирғизистон дар мавриди тирпаронӣ дар наздикии маҳаллаи аҳолинишини Мин-Оруқи ҷамоати Самаркандики ноҳияи Бодкандро санҷида, муайян намудааст: “Соати 7:20 дақиқа бо вақти маҳаллӣ марзбонҳои […]

Хабаргузории «Озодагон»

Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон тирпаронии 28-уми ноябр дар марз бо Қирғизистонро шарҳ дод.

Бино ба иттилои хабаргузории «Озодагон» бо такя ба идораи марзбонии Тоҷикистон, мақомоти тоҷик иттилои ҷониби Қирғизистон дар мавриди тирпаронӣ дар наздикии маҳаллаи аҳолинишини Мин-Оруқи ҷамоати Самаркандики ноҳияи Бодкандро санҷида, муайян намудааст:

“Соати 7:20 дақиқа бо вақти маҳаллӣ марзбонҳои тоҷик зимни адои хидмат дар қаламрави Тоҷикистон мушоҳида кардаанд, ки марзбонҳои қирғиз дар қаламравашон мошинеро нигоҳ доштанд. Бо сабабҳои номаълум миёни марзбонҳои қирғиз ва соҳибони мошин нофаҳмӣ сурат гирифтааст ва ронандаи мошин талош кардааст ба қисмати дарунтари Қирғизистон паноҳ барад. Дар натиҷа марзбонҳои қирғиз 16 тир холӣ кардаанд. Дар посух марзбонҳои тоҷик низ се тири огоҳкунанда ба ҳаво холӣ кардаанд”.

Мақомоти тоҷик гуфтаанд, дар пайи ин қазия касе осеб надида ва ҷонибҳо фавран мулоқот гузаронда, тасмим гирифтанд, ки ҳодиса таҳқиқ шавад. Инчунин намояндагони марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон созиш кардаанд, ки то 10-уми декабр барои сардорони қисмҳои марзбонӣ дар бораи тартиби рафтор дар хатти сарҳад машғулиятҳо гузаронанд.

Гуфта мешавад, мақомоти марзбонии Тоҷикистон зикр кардаанд, ки айни ҳол вазъ дар марз муътадил буда, хидмат тибқи реҷаи муқаррарӣ идома дорад.

Қаблан мақомоти марзбонии Қирғизистон дар бораи ин ҳодиса хабар дода, изҳор дошта буданд, ки нахуст марзбонҳои тоҷик сӯи ҳаво тир холӣ кардаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.