Coca-Cola маълумот доир ба нақзи қонунгузории муҳоҷиратро рад мекунад

Asia-Plus

Ширкати «Coca-Cola – Нӯшокиҳои Тоҷикистон» изҳор мекунад, ки дар хабари интишоршуда дар сомонаи «Азия-Плюс» доир ба гӯё аз ҷониби Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мавриди ҷаримабандии маъмурӣ қарор гирифтани ширкат як қатор носаҳеҳиҳо ҷой доранд.

«Дар мавод қайд мешавад, ки «бинобар сабаби риоя накардани қонунгузории муҳоҷират, ширкати «Coca-Cola – Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ба мушкилот дучор шуда, яке аз менеҷерони ширкат, ки мансаби раҳбариро ишғол мекунад, барои риоя накардани қонунгузории муҳоҷирати Тоҷикистон ҷаримабандӣ мешавад». Таъкид месозем, ки санҷиши кормандони Хадамоти муҳоҷират дар дафтари кории мо таври маъмулӣ сурат гирифта, аз рӯи натиҷаҳои он ҳеҷ қонуншикание ошкор нашудааст ва ба унвони мо аз Хадамот дар бораи ҷаримабандӣ ё дигар чораҳо аз ҷониби ин ниҳод ягон огоҳинома нарасидааст», – хабар доданд аз ширкат.

Ҳамчунин дар хабар гуфта мешавад, «Дар ширкати «Coca-Cola – Нӯшокиҳои Тоҷикистон» далелҳои риоя нашудани қонунгузориро тасдиқ намуда, вале аз ифшои ҷузъиёти масъала худдорӣ варзиданд».

«Гуфтанием, ки замони интишори ин мавод санҷиш ҳоло ба итмом нарасида буд, ва мо имкон надоштем, ки маълумоти мазкурро тасдиқ ё инкор намоем. Гузашта аз ин, тавре дар боло зикр кардем, дар ҷараёни санҷиш ҳеҷ як амали риоя нашудани қонунгузорӣ ошкор нашудааст», – зикр мекунанд дар ширкат.

Таъкид мешавад, ки бо директори генералии ширкат, ки айни замон ягона раиси расмии корхона мебошад, ҳеҷ кас доир ба гирифтани шарҳи натиҷаҳои санҷиш муроҷиат накардааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...