Нигаронии ИМА аз бекор шудани аккредитатсияи 6 хабарнигори Радиои Озодӣ

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз бекор кардани аккредитатсияи шаш нафар хабарнигорони Радиои Озоди изҳори нигаронӣ менамоянд. Дар изҳороти расмии афорати ИМА дар Тоҷикистон, ки санаи 29 ноябр мунташир шуд,  дар ин робита қайд мешавад, ки хабарнигорон дар ҷомеаи демократӣ мавқеи муҳимро мебозанд. «Аз ин сабаб, ИМА аз мақомоти Тоҷикистон даъват ба амал меоварад, ки ба хабарнигорон […]

Asia-Plus

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз бекор кардани аккредитатсияи шаш нафар хабарнигорони Радиои Озоди изҳори нигаронӣ менамоянд.

Дар изҳороти расмии афорати ИМА дар Тоҷикистон, ки санаи 29 ноябр мунташир шуд,  дар ин робита қайд мешавад, ки хабарнигорон дар ҷомеаи демократӣ мавқеи муҳимро мебозанд.

«Аз ин сабаб, ИМА аз мақомоти Тоҷикистон даъват ба амал меоварад, ки ба хабарнигорон ҳуқуқи озодии баёнро таъмин намуда, ба онҳо барои бемамоният изҳор намудани нуқтаи назарашон мувофиқи ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Аҳдномаи байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ мусоидат намоянд», – омадааст дар изҳорот.

Қобили зикр аст, ки қаблан Кумитаи байнулмилалии ҳимояи журналистон низ аз ҳукуматдорони Тоҷикистон даъват кард, ки фавран иҷозатномаи кори 6 журналисти бахши тоҷикии Радиои Озодӣ (Радио Свободная Европа/Радио Свобода (РСЕ/РС) барқарор карда шавад.

Аз ин пеш, ​созмони байналмилалии "Гузоришгарони бидуни марз", қароргоҳаш дар Порис, аз қатъи фаъолияти 6 хабарнигори Радиои Озодӣ дар Тоҷикистон нигаронӣ кард. Раҳбари барномаҳои ин созмон Люсие Моррилон рӯзи 28 ноябр бо пахши изҳороте гуфт, "мо аз суқути тадриҷии вазъ дар Тоҷикистон ва аз суръати ин коҳиш дар тахминан ду соли охир нигарон ҳастем. Метарсем, ки ин кишвар ба як минтақаи дигари журналистони бидуни ҳуқуқ дар қаламрави Осиёи Марказӣ табдил мешавад."

Радиои Озодӣ дар ин робита менависад, ин  ҳодиса баъди он рух додааст, ки хабаргузорӣ талаби аз саҳифаи интернетӣ бардоштани хабар дар бораи мақоми духтари президент Рухшона Раҳмоноваро дар Вазорати корҳои хориҷӣ рад кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.