Эмомалӣ Раҳмон бовар дорад, ки Маҷористон ташаббуси Тоҷикистонро дастгирӣ мекунад

Дар шаҳри Будапешт Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Саммити об бо Президенти Маҷористон Янош Адер мулоқот кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат қайд кард, ки “иқдоми навбатии мо оид ба эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии нав – “Об барои рушди устувор” ҷиҳати расидан ба Ҳадафи шашуми рушди устувор […]

Asia-Plus

Дар шаҳри Будапешт Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Саммити об бо Президенти Маҷористон Янош Адер мулоқот кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат қайд кард, ки “иқдоми навбатии мо оид ба эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии нав – “Об барои рушди устувор” ҷиҳати расидан ба Ҳадафи шашуми рушди устувор саҳми назаррас хоҳад гузошт” ва изҳори боварӣ намуд, ки Маҷористон дар рӯҳияи анъанаҳои неки ҳамёрӣ ва чун аъзои фаъоли Панели сатҳи баланд оид ба об аз ин ташаббус ҷонибдорӣ хоҳад кард.

Дар мулоқот масоили рушду таҳкими муносибатҳои дарозмуддат ва ҳамкории мутақобилан судманди байнидавлатӣ баррасӣ шуд.

Тавре таъкид гардид, пояи ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Маҷористон дар 7 санади ҳамкорӣ асос ёфта ҳаҷми гардиши мол байни ду давлат низ тамоюли болоравӣ дорад. Аз идомаи судбахш ва густариши бештари муносибатҳои дӯстонаи ду давлат дар чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо ва ташкилоту созмонҳои иқтисодию молиявии байналмилалӣ изҳори хушнудӣ карда шуд.

Ҷонибҳо ба таври муфассал доир ба тақвияти муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ, аз ҷумла бо роҳи иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои хурду бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон ва бунёди зерсохтори энергетикии дорои аҳамияти минтақавию байналмилалӣ табодули назар карда, дар ин самт таъсиси сохтори муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, техникӣ, илмӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Маҷористонро мувофиқи мақсад арзёбӣ намуданд.

Президенти Тоҷикистон дар маҷмӯъ аз сатҳи кунунии равобити гуногунҷанбаи байни Тоҷикистон ва Маҷористон изҳори қаноатмандӣ намуда, хоҳони талошҳои бештар дар рушди минбаъдаи ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаҳои дигари афзалиятнок, аз ҷумла дар бахшҳои сармоягузорӣ, ҷалби доираи соҳибкорону тоҷирони Маҷористон дар табиқи лоиҳаҳои коркарди алюминий, пахта, меваю сабзавот, истихроҷи маъдану сангҳои қиматбаҳо, истеҳсоли маводи сохтмон ва саноати кимиёи Тоҷикистон шуд.

Ҳамчунин рушди муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ тавассути бунёди корхонаҳои муштарак ва ҷалби технологияҳои муосиру сармояи хориҷӣ ба манфиати ҷонибҳо арзёбӣ гардида изҳори боварӣ карда шуд, ки доираи сармоягузорону тоҷирони Маҷористон ба ин мавзӯъ таваҷҷуҳи бештар зоҳир хоҳанд кард.

Ҷиҳати рушди ҳамкории судманд дар соҳаҳои иҷтимоӣ, хусусан соҳаи маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва сайёҳӣ низ фикру мулоҳизаҳои судманд баён гардид.

Дар мулоқот ҳамчунин масоили ҳамдастӣ дар мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ, таъмини амнияту суботи минтақа бо назардошти вазъи кунунии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Даъвати Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Маҷористон Янош Адер ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Тоҷикистон бо камоли ризоият пазируфта шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Муштзанони тоҷик дар марҳилаи якуми Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия ширкат мекунанд

Федератсияи бокси Тоҷикистон ҳайати дастаро, ки аз 4 варзишгар иборат аст, эълон кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 68

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Русия ҳудуди 6 ҳазор муҳоҷирро аз қаламраваш ихроҷ мекунад

Онҳо пас аз рейдҳои мақомоти Русия аз ин кишвар ронда мешаванд.

Гарду ғубор дар Тоҷикистон. Вазорати тандурустӣ гуфт, чӣ гуна худро аз хокбориш ҳифз кард

Ҳавои ғуборолуд дар кишвар солҳои охир ба як ҳолати маъмулӣ табдил ёфтааст.

ПУРСИШ. 10 саволи ҷолиб аз рӯзгор ва осори устод Садриддин Айнӣ

Дониши худро дар бораи аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон санҷед.

“Ба кӯдакони хурдсоламон раҳм кунед…”. Муроҷиати писари Зайд Саидов ба мақомоти Тоҷикистон

Додгоҳ қарори мусодираи хонаи пайвандони вазири пешин ва тоҷири тоҷикро чанд сол пеш содир карда буд.