Табдили номи шӯравии 16 кӯчаи шаҳри Душанбе

Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе дар бораи ивази номи як қатор кӯчаҳои пойтахт қарор қабул кард. Яке аз кӯчаҳои пойтахт ба исми собиқ роҳбари Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ ва собиқ вакили палатаи поёнии парлумон Суҳроб Шарипов номгузорӣ шуд. Дар маҷмӯъ 16 кӯчаи пойтахт табдили ном карданд. Ҳамин тариқ, акнун собиқ кӯчаи Советская – […]

Asia-Plus

Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе дар бораи ивази номи як қатор кӯчаҳои пойтахт қарор қабул кард. Яке аз кӯчаҳои пойтахт ба исми собиқ роҳбари Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ ва собиқ вакили палатаи поёнии парлумон Суҳроб Шарипов номгузорӣ шуд.

Дар маҷмӯъ 16 кӯчаи пойтахт табдили ном карданд. Ҳамин тариқ, акнун собиқ кӯчаи Советская – ба номи доктори улуми филологӣ Аълохон Афсаҳзод, кӯчаи Юлиус Фучик – ба номи Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Миралӣ Маҳмадалӣ, кӯчаи Шаумян – ба номи Суҳроб Шарипов, кӯчаи Александр Матросов-  ба номи собиқ корманди КДАМ ҶТ Рустам Амакӣ (моҳи сентябри соли 2015 дар амалиёти нобудсозии гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода ҳалок шуд) гузошта шуд.

Номҳои кӯчаҳои Алексей Толстой ба Яккабоғ, Студенческая – ба Шукуфон, Воровский – ба Шифо, 40-солагии Октябр – ба Фурӯзон, Добролюбов – ба Садоқат, Шестопалов – ба Дилкушо, Гончаров – ба Гулрез, Павлова – ба Гулдаст, Гастелло – ба Гузарбоғ, Сергей Лазо – ба Бодомзор, Бабушкин – ба Бахтобод ва кӯчаи Комсомол – ба Арғувон иваз карда шуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.