Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

АНОНС – Дар Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон дар мавзӯи «Сиёсати сармоягузории Тоҷикистон: вазъ ва дурнамо» симпозиум доир мегардад. Оғоз соати 09-00; – Маркази паноҳандагони Дания дар меҳмонхонаи «Серена» брифинги хотимавии худро мегузаронад. Оғоз соати 15-00. ҚУРБИ АСЪОР Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар […]

Asia-Plus

АНОНС

– Дар Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон дар мавзӯи «Сиёсати сармоягузории Тоҷикистон: вазъ ва дурнамо» симпозиум доир мегардад. Оғоз соати 09-00;

– Маркази паноҳандагони Дания дар меҳмонхонаи «Серена» брифинги хотимавии худро мегузаронад. Оғоз соати 15-00.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  7.8780 сомонӣ;

1 евро – 8.3483 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1175 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

2001 — Дар Маскав нишасти ҷашнии сарони кишварҳои узви ИДМ доир гардид, ки дар он аз фаъолияти Иттиҳод дар зарфи 10 сол натиҷагирӣ шуда, вазифаҳои минбаъда муайян карда шуданд.

2009 — Бо иштироки президент дар шаҳри Қайроққум корхонаи саноатии бисёрсоҳавии ҶДММ «Сахо» ифтитоҳ гардида, сарвари давлат ҳамчунин дастур дод, ки дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд боғҳои нав бунёд карда шаванд

2010 — Ҳукумат дар бораи таъсиси КВД «Маркази равзанаи ягона» қарор қабул кард.

1894 – Зодрӯзи Ҳофизи халқии Тоҷикистон Ҳикмат Ризо.

1933 – Мавлуди артисти сирк, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Пирназар Юсуфов.

1944 – Зодрӯзи нависанда Зариф Ғулом.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан туман мефарояд.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1-6, рӯзона +2+7; дар доманакӯҳҳо шабона -6-11, рӯзона -2+3.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, , бидуни боришот, баъзан туман мефарояд.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -5-10, рӯзона -1+4; дар доманакӯҳҳо шабона -6-11, рӯзона +2+7.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан боришот (борон, барф).

Ҳарорат: дар ғарб шабона -5-10, рӯзона -+5+10; дар шарқ шабона -10-15, рӯзона -4+1.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, , бидуни боришот, баъзан туман мефарояд.  

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -5-10, рӯзона +3+8; дар доманакӯҳҳо шабона -6-11, рӯзона 0-5. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона -6-8, рӯзона +6+8.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона -1-3, рӯзона +3+5.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона -6-8, рӯзона 0+2.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан боришот (борон, барф).

Ҳарорат: шабона -4-6, рӯзона +6+8.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.