Интихоби номзадҳо аз Душанбе ба «Симои Осиёи Марказӣ»

Ахири ҳафтаи гузашта дар Душанбе даври интихобии озмуни «Face of Central Asia» доир гардид, ки дар он 25 модел иштирок ва сарулибос аз тарроҳони ватаниро намоиш доданд. Дар ин озмун тарроҳон Мавлуда Ҳамроева, Умед Кучалиев, Макнуна Ниёзова, Мурод Fashion, Зулола Абутуробова ва дигарон маҳсули дастони худро ба маърази тамошо гузоштанд. Ба қавли созмондеҳи чорабинӣ, намояндаи […]

Манижа Қурбонова, Парвиз Турсунов, Asia-Plus

Ахири ҳафтаи гузашта дар Душанбе даври интихобии озмуни «Face of Central Asia» доир гардид, ки дар он 25 модел иштирок ва сарулибос аз тарроҳони ватаниро намоиш доданд.

Дар ин озмун тарроҳон Мавлуда Ҳамроева, Умед Кучалиев, Макнуна Ниёзова, Мурод Fashion, Зулола Абутуробова ва дигарон маҳсули дастони худро ба маърази тамошо гузоштанд.

Ба қавли созмондеҳи чорабинӣ, намояндаи расмии озмуни «Face of Central Asia» дар Тоҷикистон, модел Фотима Маҳмадлиева, тибқи натиҷаҳои интихоб аз рӯи аксҳо, ки аз ин озмун фиристода шуда буданд, ҳайати ҳакамон якчанд доваталабро барои иштирок дар «Face of Central Asia» интихоб намудааст. Озмун моҳи феврали соли 2017 дар Қазоқистон баргузор мешавад. Дар идома иштирокчиёни арзандаро ҳайати ҳакамони асосӣ аз Кореяи Ҷанубӣ баҳогузорӣ мекунанд.

«Face of Central Asia» қисмате аз озмуни пуршукӯҳи байнуулмилалии моделҳои «Asia Model Festival» мебошад, ки аллакай давоми 10 сол аст дар шаҳри Сееул (Кореяи Ҷанубӣ) доир мегардад ва дар он намояндагони 25 кишвари Осиё ширкат меварзанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.