Заминларза дар наздикии марзи Тоҷикистону Афғонистон

Date:

Дар наздикии марзи Тоҷикистону Афғонистон имрӯз, 1 декабр соати 11:46 дақиқаи вақти маҳаллӣ заминларзаи иқтидораш баробар ба 3-4 балл ба қайд гирифта шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Хадамоти геофизикии Тоҷикистон хабар доданд, маркази заминларза дар 295 километрии ҷануби шарқи Душанбе – дар қаламрави кишвари ҳамсояи Афғонистон воқеъ буда, иқтидори он 3-4 баллро ташкил додааст.

Бино ба маълумоти Хадамоти зилзиласанҷии Аврупо, маркази ин заминларза дар минтақаи Ҳиндукуш, 17 километр дуртар аз ноҳияи Ишкошими ВМКБ ҷойгир шуда, чуқурии маркази заминдарза ба 223 километр баробар будааст.

Дар бораи харобиҳоиву талафоти ҷонӣ бар асари ин заминҷунбӣ маълумот дода намешавад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...