Панҷарабандии фурудгоҳи Айнӣ ва кӯчонидани хонаҳои сокинони маҳаллӣ

Дар қаламрави фурудгоҳи низомии Айнӣ, ки дар 15 километрии ғарби пойтахт воқеъ аст, корҳои сохтмон босуръат идома доранд. Оилаҳои манзилашон воқеъ дар қаламрави фурудгоҳ баъди пардохти ҷубронпулӣ кӯчонида мешаванд. Айни замон гирду атрофи фурудгоҳ панҷарабандӣ мешавад. Сокини деҳаи Кӯшониёни ҷамоати Навободи ноҳияи Рӯдакӣ Асҳобиддин Шарипов мегӯяд, ду ҳафта пеш аз кӯчонида шудани қисмати зиёди хонааш […]

Ҳайдар ШОДИЕВ, Asia-Plus

Дар қаламрави фурудгоҳи низомии Айнӣ, ки дар 15 километрии ғарби пойтахт воқеъ аст, корҳои сохтмон босуръат идома доранд.

Оилаҳои манзилашон воқеъ дар қаламрави фурудгоҳ баъди пардохти ҷубронпулӣ кӯчонида мешаванд. Айни замон гирду атрофи фурудгоҳ панҷарабандӣ мешавад.

Сокини деҳаи Кӯшониёни ҷамоати Навободи ноҳияи Рӯдакӣ Асҳобиддин Шарипов мегӯяд, ду ҳафта пеш аз кӯчонида шудани қисмати зиёди хонааш хабардор шуда, вале ҳеҷ касе дар мавриди ин масъала мушаххасан чизе намегӯяд.

Абдусаттор Қурбонов, маъюби гурӯҳи дуюм аст. Манзил ва қитъаи замини наздиҳавлигии ӯ низ зери сохтмону панҷарабандӣ қарор мегирад. Аз рӯи ихтисос писари Қурбонов омӯзгор аст, вале бо музди меҳнати муаллимӣ ӯ ҳатто рӯзгори оиларо таъмин карда наметавонад.

Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ қаблан дар ин робита изҳор намуда буд, ки якчанд оилаҳои манзилашон дар қаламрави фурудгоҳ қарордошта метавонанд ба ҷойи дигар кӯчонида шаванд, вале шумори мушаххаси ин оилаҳо, ҳаҷми маблағ ва тартиби пардохти ҷубронпулиро комиссияи махсуси ҳукумати Тоҷикистон муайян мекунад.

 

«Агар маълум шавад, ки ин оилаҳо ғайриқонунӣ қитъаи змини гирду атрофи фурудгоҳро азхуд намуда, дар он хона сохтаанд, табиист, ки ба онҳо касе ҷубронпулӣ пардохт нахоҳад кард», – иброз дошта буд намояндаи Вазорати мудофиа

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.