Дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Чехия Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз мавзеъҳои зебо ва қадимаю таърихии ин кишвар боздид ба амал овард.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, нахуст Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба Боғи ботаникии Трояи Прага ташриф оварда, бо дарахтон, гулу буттаҳо ва дигар растаниҳои нодири ороишию табобатии он шинос шуд.

Боғи ботаникӣ аз якчанд қисм иборат буда, дар баробари парвариши набототи гуногун, он ҳамчунин ба як мавзеъи хушбоду ҳаво барои дӯстдорони табиат ва маҳалли тамошову истироҳати меҳмонону сокинон мубаддал гардидааст.

Ҳудуди боғ 70 гектарро ташкил дода, дар заминҳои талу теппа ҷойгир аст ва дар он парвариши беш аз 7000 навъи ниҳол ва гулу буттаҳои ороишӣ, инчунин дарахтони бисёрсолаву растаниҳои табобатӣ ба роҳ монда шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо боғи ботаникӣ ба навъҳои дарахтони бисёрсола, ороишӣ ва гулу буттаҳои ба иқлими кишвари мо мутобиқ бештар таваҷҷуҳ кард. Таъкид гардид, ки барои табодули таҷриба дар самти парвариши ниҳолҳо ва набототи гуногун ҳамкории зичи олимони соҳа зарур аст.



