Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз Боғи ботаникии Прага

Дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Чехия Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз мавзеъҳои зебо ва қадимаю таърихии ин кишвар боздид ба амал овард. ​Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, нахуст Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба Боғи ботаникии Трояи Прага ташриф оварда, бо дарахтон, гулу буттаҳо ва дигар растаниҳои нодири ороишию табобатии он шинос шуд. […]

Asia-Plus

Дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Чехия Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз мавзеъҳои зебо ва қадимаю таърихии ин кишвар боздид ба амал овард.

​Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, нахуст Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба Боғи ботаникии Трояи Прага ташриф оварда, бо дарахтон, гулу буттаҳо ва дигар растаниҳои нодири ороишию табобатии он шинос шуд.

​Боғи ботаникӣ аз якчанд қисм иборат буда, дар баробари парвариши набототи гуногун, он ҳамчунин ба як мавзеъи хушбоду ҳаво барои дӯстдорони табиат ва маҳалли тамошову истироҳати меҳмонону сокинон мубаддал гардидааст.

Ҳудуди боғ 70 гектарро ташкил дода, дар заминҳои талу теппа ҷойгир аст ва дар он парвариши беш аз 7000 навъи ниҳол ва гулу буттаҳои ороишӣ, инчунин дарахтони бисёрсолаву растаниҳои табобатӣ ба роҳ монда шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо боғи ботаникӣ ба навъҳои дарахтони бисёрсола, ороишӣ ва гулу буттаҳои ба иқлими кишвари мо мутобиқ бештар таваҷҷуҳ кард. Таъкид гардид, ки барои табодули таҷриба дар самти парвариши ниҳолҳо ва набототи гуногун ҳамкории зичи олимони соҳа зарур аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.