Тағйири тарҳи баргузории мусобиқоти Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё

АМИТ «Ховар»

Тарҳи баргузории мусобиқоти Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиёро Кумитаи иҷроияи ин ниҳод дар ҷаласаи худ, ки дар шаҳри Абу Дабии АМА ба анҷом расид, дигар кард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи www.the-afc.com хабар медиҳад.

Манбаъ иттилоъ медиҳад, ки «аз соли оянда сар карда, ин мусобиқа дар панҷ минтақаи Осиё сурат мегирад ва аз Ғарби Осиё дастаи ғолиб мустақиман ба бозии ниҳоӣ роҳхат мегирад. Аз чор минтақаи дигари Осиё: Шарқ, АСЕАН, Марказ ва Ҷануби Осиё баъди анҷоми мусобиқоти байниҳамдигарӣ як дастаи дигар ба бозии ниҳоӣ роҳ меёбад ва дар финал бо ғолиби минтақаи Ғарби Осиё қувва месанҷад».

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, чемпиони панҷкаратаи Тоҷикистон ҳунарнамоиро дар Ҷоми КФО -2017 аз бозиҳои гурӯҳӣ шурӯъ мекунад. «Ҳосилот»-и Фархор аз марҳалаи плей-офф ба рақобат пардохта, дар ду марҳала барои ба бозиҳои гурӯҳӣ шомил шудан мубориза мебарад.

Сомонаи ФФТ иттилоъ медиҳад, ки «Ҳосилот» дар марҳалаи аввал бо чемпиони Афғонистон қувва меозмояд ва дар сурати ғолиб омадан, баъдан бо ғолиби ҷуфти дастаҳои «Балкан»-и Туркманистон ва «Дурдой»-и Қирғизистон муборизаро барои Ҷом идома медиҳад. Бозиҳои плей-офф аз ду вохӯрӣ иборат мебошанд. Ғолиби ин бозиҳо ба гурӯҳи дастаҳои «Истиқлол», «Алтин асир»-и Туркманистон ва «Олой»-и Қирғизистон ҳамроҳ мешавад. Танҳо ғолиби гурӯҳ ба бозиҳои минбаъда роҳхат мегирад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...