Cуҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо президенти тозаинтихоби Ӯзбекистон

Нимаи дуюми рӯзи 5 декабр Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев сӯҳбати телефонӣ анҷом дод.   Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Президенти Тоҷикистон Шавкат Мирзиёевро ба муносибати интихоб гардиданаш ба мансаби воломақоми Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон самимона табрик гуфта, ба манзури ривоҷу равнақи Ӯзбекистони дӯст дар фаъолияти минбаъдаи давлатиашон дастовардҳои […]

Asia-Plus

Нимаи дуюми рӯзи 5 декабр Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев сӯҳбати телефонӣ анҷом дод.  

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Президенти Тоҷикистон Шавкат Мирзиёевро ба муносибати интихоб гардиданаш ба мансаби воломақоми Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон самимона табрик гуфта, ба манзури ривоҷу равнақи Ӯзбекистони дӯст дар фаъолияти минбаъдаи давлатиашон дастовардҳои нав ба нав орзу намуд.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни сӯҳбат ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ӯзбекистонро мавриди гуфтугӯ қарор дода, дурнамои рушди онҳоро дар рӯҳияи анъанаҳои  созандаи мероси таърихии муносибатҳои чандинасраи неки ҳамҷавории мардумони ду кишвар баррасӣ намуданд.

Бино ба маълумоти Комиссияи марказии интихоботи Ӯзбекистон,  ба ҷонибдории номзад аз Ҳизби либералӣ-демократии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 15 млн. 900 ҳазор интихобкунадагон овоз додаанд, ки 88,61% аз шумори умумии раъйҳоро ташкил медиҳад.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон яке аз аввалинҳо шуда президенти тозаинтихоби кишвари ҳамсояро бо пирӯзиша табрик кард. Дар барқияи табрикии президенти Тоҷикистон аз ҷумла зикр гардид, ки «дар Тоҷикистон Шуморо ҳамчун пайрави рушди бемайлони муносибатҳои дӯстиву неки ҳамҷаворӣ ва ҳамкориҳои гуногунсоҳаи кишварҳои мо медонанд ва ба шахсияти Шумо эҳтиром мегузоранд».

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.