БМТ ҳоло ҳам ба дастгирии ниҳодҳои байнулмилалӣ умедвор аст

Asia-Plus

Ҳайати намояндагии Бонки ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии ҷаноби Йоҳаннес Лин, собиқ ноиб-Президенти бонки мазкур дар кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ, ки ҳамзамон дар вазифаи мушовири сатҳи баланди Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико фаъолият намуда, вазифаи Директори иҷрокунандаи Маркази Рушди Вулфенсонро ба зимма дорад, 5 декабри соли равон ба Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ташрифи расмӣ анҷом дод.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, раиси Бонки миллии ҷумҳурӣ Ҷамшед Нурмаҳмадзода дар ибтидо меҳмононро бо вазъи макроиқтисодӣ ошно намуда, иброз дошт, ки ҳамкории судманди Бонки ҷаҳонӣ бо низоми бонкии Тоҷикистон сол то сол беҳтар ва дастгирии молиявии онҳо дар ташаккулёбии сохтори бонкии мамлакат назаррас мебошад.

Зимни мулоқот ва мубодилаи афкор, ки дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт, тарафҳо оид ба самтҳои гуногуни рушди бахши молия, имкониятҳои мавҷуда ва стратегияи Бонки миллии Тоҷикистон оид ба таҳкими бонкҳо суҳбат намуда, ба мувофиқа расиданд, ки барои ҳалли масъалаҳои марбут ба низоми бонкию молиявӣ ҳамкории судмандро дар сатҳи нав ба роҳ мемонанд.

Дар мулоқот намояндагони Бонки ҷаҳонӣ хонум Лилия Бурунчук – директори кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҷаноби Саша Ҷумена – ҳамоҳангсози барномаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва хонум Патрисиа Виверс-Картер – роҳбари намояндагии доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон низ ҳузур доштанд.

Охири ҳафтаи гузашта низ мулоқоти муовини якуми раиси БМТ Ҷамолиддин Нуралиев бо Директори минтақавӣ оид ба Осиёи Марказии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР)  Нил Маккейн ва Роҳбари намояндагии доимии БАТР дар Тоҷикистон ҷаноби Ричард Ҷонс баргузор гардида, дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба самтҳои гуногуни рушди бахши молия, имкониятҳои мавҷуда ва стратегияи БМТ оид ба таҳкими бонкҳо суҳбат карданд.

Қаблан моҳи октябр Нил Маккейн иттилоъ дода буд, ки ин ниҳодӣ молӣ дар ҳамдастӣ бо Хазинаи байнулмилалии асъор ва Бонки ҷаҳонӣ барномаи ислоҳоти бахши бонкӣ ва молиявии Тоҷикистонро мавриди таҳия қарор додааст.

Ба гуфтаи Маккейн, БАТР масъалаи ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 100 млн. доллари ИМА қарз доданро мавриди омӯзиш қарор додааст, ки бевосита ба дастгирии бахши бонкии Тоҷикистон равона мегардад.

Ҳамчунин доир ба ҷалби қарз аз Хазинаи байнулмилалии асъор дар ҳаҷми ним миллиард доллар аз ҷониби бахши молиявӣ-бонкии кишвар низ гуфтушунидҳо идома доранд.

Қобили зикр аст, ки аз оғози соли равон бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон ба мушкилоти молӣ дучор шуданд. Давоми сол ба Бонки миллии ҷумҳурӣ лозим омад, ки дар ду бонки бузрги кишвар – ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» ва ҶСП «Тоҷпромбонк» мавъмурияти муваққатӣ таъин кунад.

Дар дигар бонки низомсози кишвар – ҶСК «Агроинвестбонк» низ ахиран мушкилоти таъмини хизматгузории пурра ва саривақтии мизоҷон ба мушоҳида мерасад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.