Се нафари ҷасади занро ба қисмҳо ҷудокарда маҳкум шуданд

Суди шаҳри Душанбе нисбати шаҳрвандон Исматуллоҳ Муҳаммадиев, Дарвеш Абдураҳимов ва Нуриддин Алибоев, ки дар куштори як зан гумонбар дониста мешуданд, ҳукм содир намуд. Бино ба иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ, моҳи июли соли равон Муҳаммадиев бо ҳамроҳии рафиқонаш Абдураҳимов ва Алибоев дар ҷои кораш –  тарабхонаи “Истаравшан”-и  ш. Душанбе бо мизоҷи ҳозиршуда Фотима Боймурзаеваи […]

Asia-Plus

Суди шаҳри Душанбе нисбати шаҳрвандон Исматуллоҳ Муҳаммадиев, Дарвеш Абдураҳимов ва Нуриддин Алибоев, ки дар куштори як зан гумонбар дониста мешуданд, ҳукм содир намуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ, моҳи июли соли равон Муҳаммадиев бо ҳамроҳии рафиқонаш Абдураҳимов ва Алибоев дар ҷои кораш –  тарабхонаи “Истаравшан”-и  ш. Душанбе бо мизоҷи ҳозиршуда Фотима Боймурзаеваи 23-сола, ки пиво менӯшид, шинос шуда, маслиҳат намудаанд, ки бо истифода аз  мастии Боймурзаева, ӯро ба хонаи Абдураҳимов бурда, бо ӯ ҳамхоба мешаванд.

Гуфта мешавад, дар  хонаи Абдураҳимов онҳо пивонӯшӣ ва суҳбаташонро идома дода, Муҳамадиев кӯшиш кардааст, ки бо зан алоқаи ҷинсӣ намояд, аммо ӯ рад намудааст. Номбурдагон  бо истифодаи болишт Боймурзаева Ф.А.-ро нафасгир намуда, ба ҳалокат расонидаанд. Сипас  номбурдагон ҷасади ӯро ба қисмҳо ҷудо карда, ба самти дарёи Душанбе, бурда, назди Қасри варзишӣ аз болои пули оҳанини одамгузар ба дарё партофтаанд.

Зикр мегардад, ки суди шаҳри Душанбе Алибоевро ба 21 сол, Абдураҳимовро ба 20 сол ва Муҳаммадиевро ба 19 солу 6 моҳи зиндони низомаш шадид маҳкум кард. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.