Огоҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз обуҳавои номусоид

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз обуҳавои номусоид рӯзҳои наздик огоҳ мекунад. Кумита бо такя ба маълумоти обуҳавошиносон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки аз 8-ум то 10-уми декабр дар ҷумҳурӣ  обуҳавои номусоид, аз ҷумла, борони гузаранда ба барфи тар, дар ноҳияҳои ҷудогона шамоли сахт, ки дар як […]

Asia-Plus

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз обуҳавои номусоид рӯзҳои наздик огоҳ мекунад.

Кумита бо такя ба маълумоти обуҳавошиносон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки аз 8-ум то 10-уми декабр дар ҷумҳурӣ  обуҳавои номусоид, аз ҷумла, борони гузаранда ба барфи тар, дар ноҳияҳои ҷудогона шамоли сахт, ки дар як сония то 17-22 метр мевазад, пешбинӣ мешавад. Ҳарорати миёнаи ҳаво дар кишвар 6 °С-ро ташкил хоҳад дод.

Гуфта мешавад, ғайр аз ин часпидани барфи тар дар симу дарахтон ва дар роҳҳои куҳӣ  ғуншавии барф ва яхбандии шадид бар асари сармо пешбинӣ мешавад.

Ҳушдор дода мешавад, ки бар асари шамол ва часпидани барфи тар дар симҳо, эҳтимоли зарар дидани хатҳои интиқол барқ, шикастани дарахтон, ҳамчунин зарар дидани овезаҳои реклама, ки суст часпонида шудаанд,  вуҷуд дорад.

Ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки дар ин рӯзҳо рафтуомади безарурати худро аз тариқи роҳҳои куҳӣ маҳдуд кунанд, аз роҳандозии корҳои саҳро, омодасозии ҳезум ва шикор дар маҳалҳои куҳӣ худдорӣ варзанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.