30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

Шоираи Қудрат, asia+

Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти бензин, нафт, газ, ангишт ва дигар сӯзишворӣ 30 евро (тақрибан 330 сомонӣ ба қурби имрӯза) барои ҳар тонна муайян шуд. Ин маблағ ҳангоми воридоти сӯзишворӣ танҳо як маротиба аз ҷониби воридкунандагон ситонида шуда, барои истифодаи минбаъдаи он соҳибони мошинҳо пардохти экологӣ намесупоранд.

Нусхаи ин қарор рӯзи 19-уми март дар пойгоҳи Вазорати адлия нашр шуда, баъди як моҳи интишори расмӣ ба иҷро медарояд. Ин меъёр аз ҷониби ҳукумати кишвар муайян шудааст ва маблағи ситонидашуда ба буҷети давлатӣ гузаронида мешавад.

Вакилони парлумон низ рӯзи 8-уми апрел тағйиру илова ба қонун “Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет”-ро ба тавсиб расонида, ҷорӣ кардани ин навъи пардохтро ҷонибдорӣ карда буданд.

Мувофиқи он, пардохтҳои экологӣ барои воридоти cўзишвории маъданӣ, нафт ва маҳсулоти коркарди онҳо, ҷинсҳои битумӣ ва мумҳои маъданӣ ситонида мешавад.

Ҳоло воридкунандагони сӯзишвории маъданӣ, нафт ва маҳсулоти коркарди онҳо 70 евро (тақрибан 780 сомонӣ ба қурби имрӯза) барои як тонна андози аксиз месупоранд. Баъди ба иҷро даромадани қарори нав, онҳо ӯҳдадоранд ҳангоми воридоти ин навъи маҳсулот 100 евро (тақрибан 1100 сомонӣ) пардохт кунанд.

Дар ҳоле ки ба арзиши сӯзишворӣ таъсир расонидани ин пардохти нав маълум нест, сокинони кишвар аз гароншавии нархи бензин, сӯзишвории дизелӣ ва газ нигаронанд ва онро сарбории дигар барои аҳолӣ меноманд.

Пардохти экологӣ маблағест, ки шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ барои таъсири манфӣ ба муҳити зист ба буҷет ё фондҳои махсус пардохт мекунанд. Ин пардохт ҳамчун ҷуброн барои ифлос кардани муҳити зист ё истифодаи захираҳои табиӣ пешбинӣ шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.