Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Манзума Фирӯз, asia+

Ба ин муносибат рӯзи 18-уми апрел соати 09:00 дар Душанбе ниммарафони анъанавии байналмилалӣ оғоз мешавад, ки дар он варзишгарон аз Тоҷикистон ва дигар кишварҳо ширкат меварзанд. Масофаи дави ниммарафон 21 км 97,5 метр буда, аз роҳи назди маҷмаааи “Наврӯзгоҳ” оғоз ва дар ҳамон ҷо ба охир мерасад.

Консерт ва барномаи фарҳангӣ

Тавре ки ба “Азия-Плюс” ҳукумати шаҳри Душанбе хабар доданд, консерти асосӣ ва барномаи фарҳангӣ бахшида ба ин ҷашн дар толори Мактаби кӯдаконаи мусиқии ба номи Одина Ҳошим соати 14:00 баргузор мешавад.

То оғози консерт, маросими супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони озмунҳои шаҳрӣ дар соҳаи тандурустӣ ва маориф, аз ҷумла “Беморхонаи сол”, “Табаиби сол”, “Табиби оилавии сол”, “Корманди миёнаи тиббии сол”, “Мураббии сол”, “Омӯзгори сол”, “Хонандаи сол” мегузарад. Ғолибон бо мукофоту туҳфаҳои шаҳрдории Душанбе сарфароз гардонида мешаванд.

Пас аз маросими тақдими ҷоизаҳо, барномаи фарҳангӣ ва ҳунарнамоии овозхону сарояндагон ва дастаҳои ҳунарӣ пешкаши ширкаткунандаҳо мешавад.

Ҷашни Рӯзи пойтахт дар соли 2021. Акс аз бойгонии asia+

Чорабиниҳои варзишӣ ва дигар рӯйдодҳои ҷашнӣ

Ба ин муносибат, аллакай дар Душанбе чорабиниҳои варзишӣ, аз ҷумла мусобиқоти футболи хурд миёни наврасон, озмунҳо миёни мактабҳои мусиқии шаҳр ҷараён доранд.

Дар чор ноҳияи шаҳр, бахусус дар боғҳои фарҳангу фароғат ба ифтихори Рӯзи пойтахт шомҳои ҷашнӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ ва варзишӣ баргузор мешаванд.

Бо супориши раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои ташкили мусобиқот ва чорабиниҳо аз маблағҳои Фонди рушди пойтахт 590 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст.

Ёдрас мекунем, ки мувофиқи қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид”, аз 1 марти соли 2005 рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел Рӯзи пойтахти Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.