Зани кӯдакрабо ба 9 соли зиндон маҳкум шуд

Матлуба Аҳмедова ва Раҳмоналӣ Ғиёсов – ду нафари муттаҳам ба рабудани Ф.Б.-и ҳафтсола дар Душанбе – ба 9 ва 8.5 соли зиндон маҳкум шуданд. Ин ҳукм охири моҳи октябри имсол аз тарафи Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт эълон шуда, аммо хабараш тоза расонаӣ гардид. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, мақомоти додгоҳ гуфтаанд, Аҳмедова дар баробари "одамрабоӣ" […]

Радиои Озодӣ

Матлуба Аҳмедова ва Раҳмоналӣ Ғиёсов – ду нафари муттаҳам ба рабудани Ф.Б.-и ҳафтсола дар Душанбе – ба 9 ва 8.5 соли зиндон маҳкум шуданд. Ин ҳукм охири моҳи октябри имсол аз тарафи Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт эълон шуда, аммо хабараш тоза расонаӣ гардид.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, мақомоти додгоҳ гуфтаанд, Аҳмедова дар баробари "одамрабоӣ" ба "ташкили фоҳишахона дар толори маҳс" низ айбдор шуда, мӯҳлати ҷазоро дар зиндони низомаш умумӣ адо хоҳад кард. Ба қавли мақомоти додгоҳ, Аҳмедова дар меҳмонхонаи "Душанбе-Палас" чанд занро барои танфурӯшӣ ҷалб карда будааст, ки зери чатри маҳсгарӣ фаъолият доштанд.

Аммо онҳо гуфтаанд, Матлуба Аҳмедова танҳо барои қасди рабудани Ф.Б. дар тобистони имсол айбдор шуда, дар ҳолатҳои дигари кӯдакдуздӣ даст надоштааст. “Қазияи рабуда шудани духтарчаи ноболиғ аз ҷониби ин зан дар моҳи июл ба хусумати шахсии ӯ ва модари ноболиғ пайванд мегирад”, – гуфтанд дар додгоҳ.

Қобили зикр аст, ки рӯзи 25 июли соли равон дар фазои иттилоотии кишвар дар бораи боздошти як гурӯҳи одамраборён дар пойтахт хабари пурҳангома мунташир шуд.

Зикр гардида буд, ки мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон як гурӯҳи муташаккили ҷиноятиеро ошкор ва боздошт кардаанд, ки ба эҳтимоли зиёд дар қазияи  Сабина ва Малика Араловаи  5-сола – апаву хоҳаре, ки моҳи марти соли 2013 нопадид шуданд ва Осия (Сабоҳат) Диловароваи 5-сола, ки баъдтар ҷасадаш дар Ҳисор пайдо шуд, даст доранд.

Вале баъдан Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки аз рӯи натиҷаҳои тафтишоти пешакӣ ба хулосае расидаанд, ки сокини 48-солаи пойтахт Матлуба Аҳмедова ба дузди Ф.Б.-и 7-сола дар заминаи хусумати шахсӣ нисбати модари кӯдак гумонбар дониста мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.

Саршумори чорво ва истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Дар 4 моҳ дар Тоҷикистон беш аз 68 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст.

Боздошти як хонандаи мактаб дар пайванд ба куштори як кирокаш дар Ёвон

Алайҳи ин наврас бо гумони "одамкушӣ бо бераҳмии махсус" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.