Ӯзбекистон раводид барои сайёҳони 27 кишварро бекор мекунад

Аз 1 апрели соли 2017 Ӯзбекистон раводид барои сайёҳони 15 кишвар ва сайёҳони синнашон аз 55-сола болоро аз 12 кишвар бекор мекунад. Аз соли 2018 раводидҳои электронӣ ҷорӣ мешаванд. Аз 1 апрели соли 2017 Ӯзбекистон раводид барои шаҳрвандони кишварҳои Австралия, Австрия, Британияи Кабир, Олмон, Дания, Испания, Италия, Канада, Люксембург, Нидерланд, Ҷумҳурии Корея, Сингапур, Финландия, Швейтсария […]

Asia-Plus

Аз 1 апрели соли 2017 Ӯзбекистон раводид барои сайёҳони 15 кишвар ва сайёҳони синнашон аз 55-сола болоро аз 12 кишвар бекор мекунад. Аз соли 2018 раводидҳои электронӣ ҷорӣ мешаванд.

Аз 1 апрели соли 2017 Ӯзбекистон раводид барои шаҳрвандони кишварҳои Австралия, Австрия, Британияи Кабир, Олмон, Дания, Испания, Италия, Канада, Люксембург, Нидерланд, Ҷумҳурии Корея, Сингапур, Финландия, Швейтсария ва Японияро, ки бо мақсади сайру саёҳат ба ин кишвар ба муддати на бештар аз 30 рӯз меоянд, бекор мекунад.

Ба таври иломагӣ реҷаи раводид барои шаҳрвандони Шоҳигарии Белгия, Индонезия, Чин (дарҳайати гурӯҳи сайёҳӣ), Малайзия, ИМА, Франсия, Ветнам, Исроил, Полша, Венгрия, Португалия ва Чехия, ки ба синни 55-солагӣ расидаанд ва ба Ӯзбекистон бо мақсади сайру саёҳат ворид мешаванд, ба муддати на бештар аз 30 рӯз бекор мешавад.

Гуфта мешавад, шаҳрвандони кишварҳои зикршуда зимни вуруд ба Ӯзбекистон дар ҳаҷми 50 доллари ИМА боҷи вуруд пардохт мекунанд ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти маблағи боҷи вуруд барои ворид шудан ба кишвар асос мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.

Саршумори чорво ва истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Дар 4 моҳ дар Тоҷикистон беш аз 68 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст.