Огоҳиҳои энергетикҳои пойтахт аз корҳои таъмиру барқароркунӣ тариқи телевизион

Энергетикҳои пойтахт тариқи шабакаҳои телевизиони давлатӣ зикр мекунанд, ки дар шаҳри Душанбе ҳеҷ гоҳ бидуни огоҳии барвақтии аҳолӣ, дар шабакаҳои барқӣ корҳои таъмиру барқарорсозӣ гузаронида намешаванд. «Як рӯз то баргузор кардани ин корҳои тарҳрезишуда дар шабакаҳои барқӣ аҳолӣ тавассути шабакаҳои телевизиони давлатӣ огоҳ карда мешавад. Эълонҳо дар сатрҳои гузарон ҷой дода мешаванд», – изҳор дошт […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Энергетикҳои пойтахт тариқи шабакаҳои телевизиони давлатӣ зикр мекунанд, ки дар шаҳри Душанбе ҳеҷ гоҳ бидуни огоҳии барвақтии аҳолӣ, дар шабакаҳои барқӣ корҳои таъмиру барқарорсозӣ гузаронида намешаванд.

«Як рӯз то баргузор кардани ин корҳои тарҳрезишуда дар шабакаҳои барқӣ аҳолӣ тавассути шабакаҳои телевизиони давлатӣ огоҳ карда мешавад. Эълонҳо дар сатрҳои гузарон ҷой дода мешаванд», – изҳор дошт ба «Азия-Плюс» сармуҳандиси шабакаҳои барқи шаҳри Душанбе Абдуалим Самизода.

Ғайр аз ин, ба гуфтаи ӯ, дар бораи баргузор намудани корҳои таъмиру барқарорсозӣ дар шабакаҳои барқи мақомоти шаҳрдории пойтахт низ расман огоҳ карда мешавад.

«Корҳои таъмиру барқарорсозии ғайринақшавӣ дар шабакаҳо, ки асосан бар асари садмаҳо дар хатҳои интиқоли барқ, зеристгоҳҳои барқӣ ба вуҷуд меоянд, таъҷилан гузаронида мешаванд. Табиист, ки дар ин ҳолатҳо пешакӣ огоҳ кардани аҳолӣ ғайриимкон аст», – афзуд Самизода.

Қобили зикр аст, ки айни замон дар Тоҷикистон шабакаҳои телевизионӣ давлатии «Шабакаи аввал», «Сафина», «Ҷаҳоннамо», «Баҳористон», «Варзиш» амал мекунанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.

Саршумори чорво ва истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Дар 4 моҳ дар Тоҷикистон беш аз 68 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст.