Паёми президент ба парлумон то соли нав ироа мешавад

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон санаи 22 декабр паёми ҳамасолаи худ ба парлумонро ироа мекунад. То соли 2014 президент бо паёми худ ҳамасола моҳи апрел дар ҷаласаи муштараки ҳарду палатаи парлумон суханронӣ мекард. «Шурӯъ аз соли 2015 президент паёми худро моҳи январ дар парлумон изҳор мекард. Сабаби асосии ба вақти дигар гузаронидани санаи ироаи паём ба […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон санаи 22 декабр паёми ҳамасолаи худ ба парлумонро ироа мекунад. То соли 2014 президент бо паёми худ ҳамасола моҳи апрел дар ҷаласаи муштараки ҳарду палатаи парлумон суханронӣ мекард.

«Шурӯъ аз соли 2015 президент паёми худро моҳи январ дар парлумон изҳор мекард. Сабаби асосии ба вақти дигар гузаронидани санаи ироаи паём ба он марбут аст, ки аллакй муддати ду сол аст, ки соли молиявӣ дар ҷумҳурӣ на аз 1 апрел чун солҳои пешин, балки аз моҳи январ шурӯъ мешавад», – хотиррасон намуда ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз парлумони Тоҷикистон.

Бино ба иттилои манбаъ, шурӯъ аз ҳамин сол ироаи паёми асосии сарвари давлат ба парлумон қабл аз оғози соли нав сурат мегирад. Президент имсол паёми худро ба ҳарду палатаи парлумон санаи 22 декабр иброз медорад.

Дар паём президент ба масоили сиёсати дохиливу хориҷии кишвар дахл намуда, самтҳои асосии рушди иқтисод, бахши иҷтимоӣ ва ҷомеа дар соли 2017-ро муайян мекунад. Ба ин чорабинӣ маъмулан аъзои ҳукумат, роҳбарони вазорату идораҳо, раисони вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ даъват карда мешаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.

Саршумори чорво ва истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Дар 4 моҳ дар Тоҷикистон беш аз 68 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст.

Боздошти як хонандаи мактаб дар пайванд ба куштори як кирокаш дар Ёвон

Алайҳи ин наврас бо гумони "одамкушӣ бо бераҳмии махсус" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.