Ҷинояткорон барои раҳоии наврас 100 ҳазор доллар талаб кардаанд

Asia-Plus

Дар шарҳи ВКД, ки дар сомонаи расмиаш нашр шудааст, қайд мешавад, ки 6-уми декабри соли 2016 гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дар шаҳри Турсунзода, бо маслиҳати пешакӣ, бо роҳи гаравгонгирӣ ба даст овардани маблағи калони пулӣ даст ба ҷиноят заданд.

«Тахминан соати 07:30 дақиқа, яке аз аъзоёни ин гурӯҳ дар кӯчаи И. Сомонии шаҳри Турсунзода бо роҳи фиреб худро ба писарбачаи 17-солаи хонанандаи Мактаби таҳсилоти умумии шаҳри зикргардида ҳамчун шиноси падараш муаррифӣ карда, ӯро ба доми худ дароварда, мегӯяд то мактаб бо автомашинааш тамғаи «ДЭУ ТИКО» бурда расонад», – омадааст дар маълумот.

Гуфта мешавад, ноболиғ ба суханҳои ӯ бовар карда, ба автомашина савор мешавад. Пасон, аъзои гурӯҳ ноболиғро ба тарафи яке аз биноҳои истиқоматии маҳаллаи шаҳри Турсунзода, ки дар он ҷо аъзои дигари ин гурӯҳ, яъне ҳамсари ӯ интизор буд, оварда, дар якҷоягӣ ӯро маҷбуран ба дохили бино медароранд. Сипас, онҳо дасту пойи писарбачаро бо коғази ширешшуда (скоч) баста, ҳаммаслаконашонро ба назди худ даъват менамоянд.

Баъдан ин гурӯҳи ҷиноятпеша ба падари ноболиғ тавассути телефони мобилӣ занг зада, аз ӯ барои озод кардани писараш маблағи пулӣ дар ҳаҷми 100 ҳазор доллари амрикоӣ талаб менамоянд.

Пас аз ба Вазорати корҳои дохилӣ ворид гардидани ахбороти дахлдор, оиди ҳодисаи гаравгонгирӣ аз ҷониби кормандони Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон фавран гурӯҳи оперативӣ-ҷустуҷӯӣ созмон дода шуда, амалиёти махсус амалӣ карда шуд.           

Дар натиҷаи гузаронидани маҷмӯи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ худи ҳамон рӯз, соати 23:30 дақиқа, 3 нафар шахсони гумонбари ҷинояти гаравгонгирӣ дастгир гардида, 1 нафари онҳо ҳангоми озод намудан ва ҷой доштани таҳдид ба ҷону саломатии ноболиғ безарар гардонида шуд.

Ноболиғи ба гаравгон гирифташуда, бе бардоштани зарари ҷисмонӣ озод карда шуда, ба волидайнаш баргардонида шуд.

Ҳангоми гузаронидани амалиёт аз тарафи шаҳрвандон ва кормандони мақомот касе осеб надидааст. Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...