Ҳукми 3 соли зиндон барои ибодати «нодуруст»

Сокини 54-солаи шаҳри Душанбе ба ҷонибдорӣ аз ҳаракати фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи «Салафия» гунаҳкор дониста шуд. Ҷонибдории ӯро ба ин равия аз рӯи ба ҷо овардани ибодатҳояш дар масҷид муайян кардаанд. Суди ноҳияи Шоҳмансур сокини 54-солаи шаҳри Душанбе Бахтиёр Эгамбердиевро дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 189-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Барангехтани   кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, […]

Asia-Plus

Сокини 54-солаи шаҳри Душанбе ба ҷонибдорӣ аз ҳаракати фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи «Салафия» гунаҳкор дониста шуд. Ҷонибдории ӯро ба ин равия аз рӯи ба ҷо овардани ибодатҳояш дар масҷид муайян кардаанд.

Суди ноҳияи Шоҳмансур сокини 54-солаи шаҳри Душанбе Бахтиёр Эгамбердиевро дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 189-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Барангехтани   кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ) гунаҳкор дониста ба 3 соли зиндон маҳкум кард.

Тавре дар маводи ҳукми айбномаи суд қайд мешавад, Эгамбердиев аксаран дар масҷиди «Ҳоҷӣ Миралӣ»-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт намоз мехондааст ва имомхатиби масҷид ба тарзи ба ҷо овардани ибодатҳо аз ҷониби ӯ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дар ин бора ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ муроҷиат мекунад.

«Имомхатиб зикр кардааст, ки ӯ тибқи мазҳаби ҳанафӣ ибодат намекунад ва сарулибосаш ҳам ба ин равия мувофиқ нест. Эгамбердиев зимни суҳбат бо дигар ибодаткунандагони масҷид ишора мекардааст, ки онҳо нодуруст намоз мехонанд. Ба ин васила ӯ миёни ибодаткунандагон тухми нифоқ мекоштааст», – омадааст дар маводи парванда.

Бино ба маълумоти тафтишот, Эгамбердиев санаи 2 сентябри соли равон дар намози ҷумъа боздошт шуда, аз соли 2015 ба равияи «Салафия» пайвастааст ва афкору ҳадафҳои оноро миёни мардум таблиғ мекардааст.

Қобили зикр аст, ки аз нимаи моҳи октябри соли равон бо қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, тамоми масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақтаи пойтахт бо камераҳои мушоҳидавӣ,  дастгоҳҳои статсионарӣ ва дастии магнитии кашфи ҷисмҳои металлӣ ва мутамарказ намудани онҳо тавассути реҷаи мустақим (оn-line) таъмин мешаванд.

Ҳамчунин ҳанӯз моҳи март зимни кори мизи гирд дар Душанбе дар мавзӯи «Сабабу омилҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ» 400 нафар ҷавонони тоҷик дархост карда буданд, ки барои омӯзиши адои намозу ибодат мутобиқи мазҳаби ҳанафӣ гурӯҳи махсус таъсис дода шавад.

Қобили зикр аст, ки равияи динии «Салафия» дар асоси ҳалномаи Суди Олии  ҶТ аз санаи 08- уми декабри соли 2014 ҳамчун иттиҳоди экстремистӣ (ифротгаро) эътироф шуда, фаъолияти он дар қаламрави кишвар манъ аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.