Ҳавопаймоҳои Су-25 аз Қирғизистон ба Тоҷикистон ҷой иваз карданд

Asia-Plus

Ҳавопаймоҳои ҳамлавари Су-25-и Русия ҷиҳати иштирок дар тамринҳои зиддитероористии дар Тоҷикистон оғозгардида аз пойгоҳи низомии Кант дар Қирғизистон ба фурудгоҳи Айнӣ ҷой иваз карданд.

Бино ба маълумоти РИА Новости бо истинод ба ёвари фармондеҳи нерӯҳои Ҳавзаи марказии ҳарбӣ полковник Ярослав Рошупкин, ҳамроҳ бо чархболҳои пойгоҳи низомии 201 авиатсияи ҳамлавар воҳиди гурӯҳҳои тактикии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистону Русия ва нерӯҳои таъиноти махсусро аз фазо дастгирӣ кардааст.

Гуфта мешавад, Рошупкин доир шумори саҳеҳи ҳавопаймоҳои дар ин амалиёт иштирокдошта маълумот надода, зикр кардааст, ки зимни ин тамринҳо амалиёти муштарак ҳангоми аз байн бурдани гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷинояткор, нобуд кардани пойгоҳ, анбор, урдугоҳ ва дигар иншооти онҳо мавриди омӯзишу дар амал санҷида мешавад. «Баъди анҷоми амалиётҳо ҳавопаймоҳо ба фурудгоҳи таъинотии худ – ба Қирғизистон бармегарданд», – иброз доштааст ӯ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.