Ҳавопаймоҳои Су-25 аз Қирғизистон ба Тоҷикистон ҷой иваз карданд

Ҳавопаймоҳои ҳамлавари Су-25-и Русия ҷиҳати иштирок дар тамринҳои зиддитероористии дар Тоҷикистон оғозгардида аз пойгоҳи низомии Кант дар Қирғизистон ба фурудгоҳи Айнӣ ҷой иваз карданд. Бино ба маълумоти РИА Новости бо истинод ба ёвари фармондеҳи нерӯҳои Ҳавзаи марказии ҳарбӣ полковник Ярослав Рошупкин, ҳамроҳ бо чархболҳои пойгоҳи низомии 201 авиатсияи ҳамлавар воҳиди гурӯҳҳои тактикии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистону […]

Asia-Plus

Ҳавопаймоҳои ҳамлавари Су-25-и Русия ҷиҳати иштирок дар тамринҳои зиддитероористии дар Тоҷикистон оғозгардида аз пойгоҳи низомии Кант дар Қирғизистон ба фурудгоҳи Айнӣ ҷой иваз карданд.

Бино ба маълумоти РИА Новости бо истинод ба ёвари фармондеҳи нерӯҳои Ҳавзаи марказии ҳарбӣ полковник Ярослав Рошупкин, ҳамроҳ бо чархболҳои пойгоҳи низомии 201 авиатсияи ҳамлавар воҳиди гурӯҳҳои тактикии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистону Русия ва нерӯҳои таъиноти махсусро аз фазо дастгирӣ кардааст.

Гуфта мешавад, Рошупкин доир шумори саҳеҳи ҳавопаймоҳои дар ин амалиёт иштирокдошта маълумот надода, зикр кардааст, ки зимни ин тамринҳо амалиёти муштарак ҳангоми аз байн бурдани гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷинояткор, нобуд кардани пойгоҳ, анбор, урдугоҳ ва дигар иншооти онҳо мавриди омӯзишу дар амал санҷида мешавад. «Баъди анҷоми амалиётҳо ҳавопаймоҳо ба фурудгоҳи таъинотии худ – ба Қирғизистон бармегарданд», – иброз доштааст ӯ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...