Имкони рақобати 2 дастаи Тоҷикистон дар як гурӯҳи мусобиқаи Ҷоми КФО

АМИТ «Ховар»

То оғози аввалин бозии расмии чемпиони панҷкаратаи Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанбе дар бозиҳои гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) беш аз 2,5 моҳ боқӣ монда бошад ҳам, коршиносони футболи Осиё тақвими баргузории бозиҳои гурӯҳии минтақаи Осиёи марказиро муайян карданд. 

Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, тибқи ин коргузорӣ, бозии нахустини чемпиони кишвар дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ моҳи март баргузор мешавад, аммо рақиби нахустини онҳо баъди анҷом ёфтани ду раунди бозиҳои плей-офф бо ширкати дастаҳои «Дурдой»-и Қирғизистон бо «Балкан»-и Туркманистон ва «Ҳосилот»-и Фархор» бо «Шоҳин Асмоӣ»-и Афғонистон, ки ғолибони ҷуфтҳо барои ба марҳалаи гурӯҳӣ шомил шудан бо ҳам мубориза мебаранд, муайян хоҳад шуд.

Коршиносони футболи ватанӣ бар онанд, ки «Ҳосилот»-и Фархор дар баробари дастаҳои мазкур барои ба бозиҳои гурӯҳӣ шомил шудан шонси беҳтар дорад ва шояд аввалин бозиашро «Истиқлол» бо дастаи «Ҳосилот» барпо намояд.

Ин дар ҳолест, ки «Истиқлол» ва «Ҳосилот» 25 феврал барои Суперҷоми Тоҷикистон, ки оғозбахши мавсими футбол дар мамлакат мебошад, бо ҳам қувва меозмоянд.

Ба ҳамин тартиб, тақвими бозиҳо дар гурӯҳи «D»-и минтақаи марказӣ ба шакли зер роҳандозӣ шудааст:

Даври 1

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – Ғолиби плей-офф

«Алай» (Қирғизистон) – «Алтин Асир» (Туркманистон)

Даври 2

«Алтин Асир» (Туркманистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

Ғолиби плей-офф – «Алай» (Қирғизистон)

Даври 3

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Алай» (Қирғизистон)

Ғолиби плей-офф – «Алтин Асир» (Туркманистон)

Даври 4

«Алай» (Қирғизистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

«Алтин Асир» (Туркманистон) – Ғолиби плей-офф

Даври 5

Ғолиби плей-офф – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

«Алтин Асир» (Туркманистон) – «Алай» (Қирғизистон)

Даври 6

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Алтин Асир» (Туркманистон)

«Алай» (Қирғизистон) – Ғолиби плей-офф

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.