Таъиноти кадрӣ дар Агентии зиддифасод бо фармоишҳои Рустами Эмомалӣ

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Санаи 9 декабри соли 2016 дар асоси розигии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо фармоишҳои директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар ҳайати роҳбарикунандаи воҳидҳои сохтории Агентӣ як қатор тағйиротҳои кадрӣ ба амал омад.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Агентӣ, аз ҷумла, генерал майори адлия Гулмаҳмадзода Ҷамшед Гулмаҳмад аз вазифаи сардори Раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе озод ва ба вазифаи сардори Раёсати амнияти дохилии Агентӣ;  полковники адлия Аваззода Шараф Тавар аз вазифаи сардори Раёсати амнияти дохилии Агентӣ озод ва ба вазифаи сардори Раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе; полковники адлия Муҳамадзода Ҷамолиддин Муҳамад аз вазифаи сардори Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон озод ва ба вазифаи сардори Раёсати ташкилию нозиротии Агентӣ; полковники адлия Носирзода Солеҳ Зокир аз вазифаи сардори Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентӣ озод ва ба вазифаи сардори Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон таъин карда шуданд.

Ба иттилои манбаъ, полковники адлия Аҳмадзода Музаффар Раҷаб, ки дар ихтиёри кадрҳои Агентӣ қарор дошт, ба вазифаи сардори Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентӣ, полковники адлия Иброҳимзода Карим Иброҳим аз вазифаи муовини якуми сардори Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд озод ва ба вазифаи сардори Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд; Саидшозода Ҷамшед Сафаралӣ аз мансаби муовини сардори Раёсат – сардори шуъбаи назорати давлатии молиявии Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд озод ва ба мансаби сардори Раёсати назорати буҷетҳои маҳаллии Сарраёсати назорати давлатии молиявии Агентӣ таъин карда шудаанд. Полковники адлия Одиназода Сафармад Самад аз мансаби сардори Раёсати ташкилию нозиротии Агентӣ ва аз хизмат дар мақомоти Агентӣ бо сабаби ба нафақа баромадан озод карда шудааст.

Гуфта мешавад, директори Агентӣ генерал-майори адлия Рустами Эмомалӣ зимни суҳбат бо кадрҳои навтаъин онҳоро ба хизмати софдилонаю содиқона ба халқу ватан ва пешгирию муборизаи беамон бо ҷиноятҳои коррупсионӣ ҳидоят намуд.

Дар сомонаи ин ниҳод қайд мешавад, ки тӯли 11 моҳи соли равон кормандони Агентӣ 1 ҳазору 766 ҷиноятҳои коррупсиониро ба маблағи умумии ҳудуди 180 млн. сомонӣ ошкор кардаанд, ки аз ин миқдор зиёда аз 89 млн. сомониаш барқарор карда шудааст.

Дар изҳороти матбуотии Агентӣ бахшида ба Рӯзи умиҷаҳонии мубориза бо коррупсия, ки ҳамасола 9 декабр ҷашн гирифта мешавад, зикр мегардад, ки аз оғози сол барои риоя накардани меъёрҳои қонунгузорӣ 937 нафар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҷаримабандӣ шуда, аз ин ҳисоб ба буҷет дар ҳаҷми беш аз 713 ҳазор сомонӣ маблағи ҷаримаҳо ворид шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии ба номи С.Айнӣ, “Фирдавсӣ”, “Куруши Кабир”, “Кӯли ҷавонон” ва майдончаи фарҳангу фароғатии воқеъ дар кӯчаи...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.