Пайкараи Ислом Каримов дар яке аз гулгаштҳои Маскав

Пайкараи президенти нахустини Ӯзбекистон Ислом Каримовро дар Москва дар гулгаште, ки аллакай ба номи вай гузошта шудааст, месозанд. Бино ба иттилои сомонаи Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ, ин қарор дар ҷаласаи комиссияи санъати пайкарасозии Думаи шаҳрии Москва қабул шудааст. Қаблан аввали моҳи ноябр як гулгашти мавзеи Якиманкаи шаҳри Маскав низ Ислом Каримов номгузорӣ шуд. Дар шаҳрдории Маскав […]

Asia-Plus

Пайкараи президенти нахустини Ӯзбекистон Ислом Каримовро дар Москва дар гулгаште, ки аллакай ба номи вай гузошта шудааст, месозанд.

Бино ба иттилои сомонаи Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ, ин қарор дар ҷаласаи комиссияи санъати пайкарасозии Думаи шаҳрии Москва қабул шудааст.

Қаблан аввали моҳи ноябр як гулгашти мавзеи Якиманкаи шаҳри Маскав низ Ислом Каримов номгузорӣ шуд. Дар шаҳрдории Маскав дар ин робита изҳор дошта буданд, ки Ислом Каримов номгузорӣ шудани ин майдонро донишмандон, сиёсатмадорон ва аҳли ҳунари Русия ва Ӯзбекистон дархост кардаанд. Гулгашти мазкур дар наздикии консулгарӣ ва меҳмонхонаи Ӯзбекистон ҷойгир аст.

Ҳамчунин чанде қабл Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев қарореро ба имзо расонид, ки мутобиқи он барои бунёди муҷассамаи аввалин президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов озмуни байнулмилалӣ эълон мешавад.

Пеш аз ин иҷрокунандаи вазифаи президенти Ӯзбекистон, нахуствазири ин кишвар Шавкат Мирзиёев пешниҳод карда буд, ки дар шаҳри Тошканд майдони ба номи Ислом Каримов бунёд гардад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.