Дилшод Назаров соҳиби хонаи нав ва «Шаҳрванди ифтихории Душанбе» эълон шуд

Радиои Озодӣ

Дилшод Назаров, қаҳрамони Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Бразилия, соҳиби манзили нави зист гардид.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, калиду ҳуҷҷатҳои манзили дуҳуҷрагиро ба ӯ раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар маҷлиси Шӯрои ҷавонони пойтахти кишвар, ки имрӯз, 16-уми декабр дар "Душанбеплаза", баргузор шуд, супурд. Инчунин бо тасмими шаҳрдорӣ Дилшод Назаров дар ин маросим "Шаҳрванди ифтихории Душанбе" эълон шуд.

Дилшод Назаров имрӯз дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, манзили наве, ки раиси шаҳр ба ӯ тӯҳфа кардааст, дар қабати 4-уми бинои нави бисёрошёна, дар кӯчаи Деҳлавии маркази пойтахти кишвар, ҷойгир шудааст.

Зимнан, аз ин пеш Дилшод Назаров барои саҳми намоён дар рушди варзиш ва дастоварди бузурги варзишӣ дар Бозиҳои ХХХI тобистонаи олимпии Рио-де-Жанейро бо мукофоти давлатӣ – Ордени Шараф дараҷаи I – сарфароз гардонида шуда буд. Ин мукофотро 26 август раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Дилшод Назаров супурд. Ҳамчунин раисиҷумҳур ба ӯ 300 000 сомонӣ тақдим кард.

Инчунин, ширкати "Газпромнефт-Тоҷикистон" яке аз нуқтаҳои фурӯши маводи сӯзишвориро дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба ифтихори Дилшод Назаров номгузорӣ кардааст. Дилшод Назаров метавонад аз ин нуқта ба таври ройгон ва доимӣ Ёдовар мешавем, Дилшод Назаров 19-уми августи соли ҷорӣ дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия гурзро ба масофаи 78 метру 68 сантиметр ҳаво дод ва бо медали тилло сарфароз гашт. Ин аввалин медали тиллои мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпӣ ба шумор меравад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.