Дилшод Назаров соҳиби хонаи нав ва «Шаҳрванди ифтихории Душанбе» эълон шуд

Дилшод Назаров, қаҳрамони Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Бразилия, соҳиби манзили нави зист гардид. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, калиду ҳуҷҷатҳои манзили дуҳуҷрагиро ба ӯ раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар маҷлиси Шӯрои ҷавонони пойтахти кишвар, ки имрӯз, 16-уми декабр дар "Душанбеплаза", баргузор шуд, супурд. Инчунин бо тасмими шаҳрдорӣ Дилшод Назаров дар ин маросим "Шаҳрванди […]

Радиои Озодӣ

Дилшод Назаров, қаҳрамони Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Бразилия, соҳиби манзили нави зист гардид.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, калиду ҳуҷҷатҳои манзили дуҳуҷрагиро ба ӯ раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар маҷлиси Шӯрои ҷавонони пойтахти кишвар, ки имрӯз, 16-уми декабр дар "Душанбеплаза", баргузор шуд, супурд. Инчунин бо тасмими шаҳрдорӣ Дилшод Назаров дар ин маросим "Шаҳрванди ифтихории Душанбе" эълон шуд.

Дилшод Назаров имрӯз дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, манзили наве, ки раиси шаҳр ба ӯ тӯҳфа кардааст, дар қабати 4-уми бинои нави бисёрошёна, дар кӯчаи Деҳлавии маркази пойтахти кишвар, ҷойгир шудааст.

Зимнан, аз ин пеш Дилшод Назаров барои саҳми намоён дар рушди варзиш ва дастоварди бузурги варзишӣ дар Бозиҳои ХХХI тобистонаи олимпии Рио-де-Жанейро бо мукофоти давлатӣ – Ордени Шараф дараҷаи I – сарфароз гардонида шуда буд. Ин мукофотро 26 август раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Дилшод Назаров супурд. Ҳамчунин раисиҷумҳур ба ӯ 300 000 сомонӣ тақдим кард.

Инчунин, ширкати "Газпромнефт-Тоҷикистон" яке аз нуқтаҳои фурӯши маводи сӯзишвориро дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба ифтихори Дилшод Назаров номгузорӣ кардааст. Дилшод Назаров метавонад аз ин нуқта ба таври ройгон ва доимӣ Ёдовар мешавем, Дилшод Назаров 19-уми августи соли ҷорӣ дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия гурзро ба масофаи 78 метру 68 сантиметр ҳаво дод ва бо медали тилло сарфароз гашт. Ин аввалин медали тиллои мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпӣ ба шумор меравад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Беҳтарин оғоз: Тоҷикистон дилпурона дастаи Тайиландро мағлуб кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.

Нерӯгоҳи “Роғун” ба таркиби калидиии шарикии нави Тоҷикистон ва БОР табдил меёбад

Муовини якуми сарвазири Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи БОР дар Самарқанд суханронӣ кард

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мунаввар Шоҳгадоев ва Дилшод Назаров то қатли Минҳоҷ Ғуломов

Сокинони деҳае дар Суғд мегӯянд, “паноҳҷӯёни афғонистонӣ аз маҳалла ғайб задаанд”

Гузориш аз макони будубоши муҳоҷирони афғонистонӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов пас аз боздошти як шаҳрванди Афғонистон бо иттиҳоми куштори як зан.

Танишҳо атрофи тангаи Ҳурмуз. Аз таҳдиди Трамп то ҳамла ба Имороту ҳушдори Сипоҳи посдорони Эрон ба нафткашҳои бандмонда

Вазъ дар ин оброҳа замоне печида шуд, ки Доналд Тармп гуфт, барои раҳо кардани киштиҳои бандмонда кӯмак мекунад.

Бо дастгирии ТИКА 10 зан дӯзандагиро омӯхтанд ва соҳиби мошини дӯзандагӣ шуданд

Ҳадафи лоиҳа ин аст, ки занон ба шахсони мустақил табдил ёфта, ба иқтисоди оилаи худ саҳм гузоранд.

Имсол низ ба ҳар як иштирокчии ҶБВ 50 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад

Ҳоло дар Тоҷикистон 8 иштирокчии ҶБВ боқӣ мондааст.

Дар Душанбе бори аввал мусобиқаи байналмилалии устодони ҷудои ҷаҳонӣ баргузор мешавад

Ин яке аз мусобиқаҳои пурнуфуз дар сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.