Русия ва Туркия куштори сафири русро якҷоя таҳқиқ мекунанд

Дар муроҷиати телевизионӣ президенти Туркия Реджеп Тайип Эрдуғон изҳор доштааст, ки барои таҳқиқи ҳодисаи куштори сафири Русия дар Туркия Андрей Карлов Русия ва Туркия гурӯҳи муштараки тафтишотӣ созмон медиҳанд. Президенти Туркия гуфтааст, зимни суҳбати телефонӣ бо президенти Русия Владимир Путин дар ин хусус ва ҳамчунин тақвияти тадбирҳои амниятӣ дар намояндагиҳои дипломатии кишварҳо дар қаламрави ҳамдигар […]

Asia-Plus

Дар муроҷиати телевизионӣ президенти Туркия Реджеп Тайип Эрдуғон изҳор доштааст, ки барои таҳқиқи ҳодисаи куштори сафири Русия дар Туркия Андрей Карлов Русия ва Туркия гурӯҳи муштараки тафтишотӣ созмон медиҳанд.

Президенти Туркия гуфтааст, зимни суҳбати телефонӣ бо президенти Русия Владимир Путин дар ин хусус ва ҳамчунин тақвияти тадбирҳои амниятӣ дар намояндагиҳои дипломатии кишварҳо дар қаламрави ҳамдигар тавофуқ ҳосил шудааст.

Эрдуғон қайд кардааст, ки куштори сафири Русия як иғвоангезиест алайҳи беҳбуди муносибатҳои ҳарду кишвар. Путин низ ин ҳодисаро иғвоагезӣ номида, қайд кардааст, ки «он ба зиёноварӣ нисбати муътадил шудани муносибатҳои кишварҳо ва монеъа эҷод кардан ба ҷараёни сулҳ дар Сурия нигаронида шудааст».

Сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков ба «Интерфакс» хабар додааст, ки Путин ва Эрдуғон бобати ба Туркия фиристодани гурӯҳи муфаттишони русиягӣ ва тақвияти посбонии сафоратхонаҳои ҳарду кишвар ба созиш расидаанд.

Ёдрас мекунем, ки сафири Русия дар Туркия Андрей Карлов ҳангоми суханронӣ дар осорхонае дар Анкара кушта шуд. Вазорати корҳои хориҷии Русия тасдиқ кард, ки сафири ин кишвар дар Туркия дар натиҷаи ҳамлаи мусаллаҳона кушта шудааст.

Дар робита ба ин ҳодиса Кумитаи тафтишоти Русия парвандаи ҷиноӣ боз намуда, мақомоти интизомии Туркия модар ва хоҳари қотилро боздошт намудаанд. Манбаъҳои Reuters хабар додаанд, ки мақомоти пулис робита доштани қотил бо ҷонибдорони рӯҳонӣ Фатҳуллоҳ Гюленро мавриди санҷиш қарор додаанд.

Хабаргузории «Интерфакс» менависад, Шӯрои амнияти СММ дар робита ба ин ҳодиса изҳорот мунташир намуда, куштори сафири Русия дар Туркияро амали террористӣ унвон кардааст. Дабир кулли СММ Пан Ги Мун ин ҳодисаро «амали бефоидаи террористӣ» номидааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

BIMA Life дар Душанбе дафтари кории навашро боз кард

Дар маркази шаҳри Душанбе дафтари нави BIMA Life ба...

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.